ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» нашрияи илмӣ-амалӣ буда, дар он натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва доктори илм нашр мегарданд. Дар ин маҷалла мақолаҳои илмии ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои дигари илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат ва кишварҳои дуру наздик аз рӯйи 3 бахш: «Технология ва кимиё» (марбут ба соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва нассоҷӣ), «Технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ» ва «Иқтисодиёт» ба нашр мерасанд.
Маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (Шаҳодатномаи № 053/МҶ-97 аз 23 апрели соли 2018 дар бораи сабти номи ташкилотҳои табъу нашр).
Дар асоси қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 2020, № 3 ва фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2020, № 209 маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, тибқи қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2024, № 10 ва фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, № 340/м дар Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи Шартномаи № 818-12/2014 аз 23 декабри соли 2014 маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» ба пойгоҳи илмии Шохиси иқтибосоварии илмии Россия ворид карда шудааст.
Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Шуруъ аз соли 2026 маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» дар як сол 6 шумора (ҳар ду моҳ) ба нашр мерасонад (то соли 2026, ҳамасола маҷалла дар 4 шумора нашр карда мешуд). Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои кормандони илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм, ки бо қарори раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, № 7 тасдиқ шудааст, мувофиқат менамоянд.
Гунаи электронии ҳар як шумораи маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» дар сомонаи расмии маҷалла (https://payom.tut.tj) дастрас мебошад. Инчунин, мундариҷаи маҷаллаҳо бо дарназардошти мушаххасоти нашри ҳар як мақола (матни пурраи мақола дар намуди файли алоҳида дар қолаби .pdf, номи мақола, шарҳи мухтасар, калимаҳои калидӣ, маълумот дар бораи муаллиф ва маълумоти дигар дар се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар пойгоҳи илмии Шохиси иқтибосоварии илмии Россия ҷойгир карда мешаванд.
Мақолае, ки барои нашр дар маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад ва мавзуи он бо бахшҳои маҷалла мувофиқат мекунад, бо мақсади баҳогузории экспертӣ барои гирифтани тақриз супорида мешавад. Ҳамаи муқарризон мутахассисони варзидаи бахшҳои маҷалла мебошанд ва дар соҳаи худ маводи гуногуни нашршуда доранд.
Ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» аз 3 узви пайваста (академик) ва 2 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 17 доктори илм ва 10 номзади илм иборат аст, ки ҳамаи аъзои он кормандони илмӣ, илмию педагогӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.
Маҷалла дорои рақами силсилавии стандартии байналмилалӣ мебошад: ISSN 2707-8000.
