Бахши раводид ва бақайдгирӣ

 Мудири бахши  раводид ва бақайдгирӣ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ таъмин намудани назорати риояи реҷаи раводид ва қоидаҳои иқомати донишҷӯён, магистрантон, коромӯзон ва устодони хориҷӣ дар Донишгоҳ;

          ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хории ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҷиҳати гирифтани раводиди таҳсил ва бақайдгирии донишҷӯёни хориҷӣ ва тамдиди муҳлати раводид;

          дар ҳамкорӣ бо Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати Маориф ва илми ҶТ дастрас намудани маълумоти аниқ оиди  барномаҳои байналхалқӣ барои таҳсил, таҷрибаомўзӣ ва корҳои илмӣ дар хориҷи кишвар ва ба саҳми донишҷўён, омӯзгорон ва кормандон расонидани онҳо;

          мунтазам дар ҳамкории доимӣ бо воҳидҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар сохторҳо (факултетҳо, кафедраҳо, марказҳо) ва ташкилотҳои ҷамъиятии Донишгоҳ ташкил намудани вохӯрию семинарҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён оид ба фондҳо, стипендияҳо ва барномаҳои мубодилаи академӣ;

ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои таҳсил дар Донишгоҳ;