БАХШИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН
Бахши таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз сохторҳои муҳими таълимӣ ва ташкилии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ба ташкили дуруст, ҳамоҳангсозӣ ва назорати раванди таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён равона гардидааст.
Мақсади асосии фаъолияти бахш фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳкими донишҳои назариявии донишҷӯён, ташаккули малакаю маҳорати касбӣ, аз худ намудани таҷрибаи амалӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазиру ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.
Бахш дар ҳамкорӣ бо раёсатҳо, факултетҳо, кафедраҳо ва муассисаву ташкилотҳои истеҳсолӣ, корхонаҳо ва дигар сохторҳои дахлдор фаъолияти худро ба роҳ монда, барои пайваст намудани донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Вазифаҳои асосии бахш
Вазифаҳои асосии бахши таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз инҳо иборат мебошанд:
Самтҳои афзалиятноки фаъолият
Ҳадафи ниҳоӣ
Ҳадафи ниҳоии фаъолияти бахш баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон тавассути ҳамгироии донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ, таҳкими ҳамкориҳои донишгоҳ бо корфармоён ва омода намудани кадрҳои баландихтисос, соҳибкасб рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад.
