ТАЛАБОТИ АСОСӢ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМИЕ, КИ БА МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ «ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН» БАРОИ ЧОП ПЕШНИҲОД МЕГАРДАНД
Муаллиф бояд тақризи соҳавии номзадон ва ё докторони илмро на кам аз як саҳифа (ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам дар шакли электронӣ, бо муҳр ва имзо) пешниҳод намояд.Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, пешакӣ аз ҷониби мутахассисон – корбарони маҷалла нисбат ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд ва он норасогиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, то оғози ташхис аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд.Пас аз бартараф намудани камбудиҳо, мақолаи пешниҳодшуда бояд аз санҷиши барномаи “Антиплагиат” гузаронида шавад ва на камтар аз 75% аслиятро дар бар гирад. Бояд қайд намуд, ки санҷиши “Антиплагиат”-ро бояд дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, гузаронанд.Мақолаи илмӣ дар доираи талаботи ҷорӣ аз ҷониби ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) ташхис гардида, ба он тақризи ниҳоӣ дода мешавад.Дар тақриз бояд хусусиятҳои муҳимми мақола асоснок карда шаванд. Аз ҷумла, навоварии илмӣ, муҳиммияти омӯзиши масъала, арзиши таърихӣ ва фактологии мақола, дурустии иқтибосҳои нишондодашуда, услуби матн, истифодаи адабиёти солҳои охир ва камбудию норасогиҳои мақола. Дар охири тақриз нисбат ба мақола баҳои умумӣ дода мешавад ва ба ҳайати таҳририя дар мазмунҳои зерин хулосаи муқарриз пешниҳод мегарданд:ба чоп тавсия карда шавад;баъди ислоҳи камбудиҳо ба чоп тавсия карда шавад;барои тақриз иловатан ба мутахассиси дигари масъалаи дахлдор фиристода шавад;барои чоп тавсия карда намешавад.Мақолаҳои илмии барои чоп қабулгардида, аммо ба тағйирот ниёздошта, бо нишон додани тавсияҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон фиристода мешаванд. Муаллифон бояд камбудию норасогиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, шакли ниҳоии матни чопӣ ва электронии мақоларо бо дастхати пештарааш ба маҷалла пешниҳод намоянд. Баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мақолаи илмӣ такроран барои тақриз супорида мешавад ва сипас, аз ҷониби ҳайати таҳририя ба чопи он иҷозат дода мешавад.Мақолае, ки ба он тақризи мусбат дода шудааст ва чопи он аз ҷониби ҳайати таҳририя ҷонибдорӣ гардидааст, барои нашр қабулгардида ба ҳисоб меравад.Раванди тақриздиҳӣ аз ҷониби ҳайати таҳририя ба мақолаҳо махфӣ мебошад.ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ:Маводи чопшавандаро дар ҳаҷми аз 4 то 10 саҳифаи пурра, дар қоғази сафеди андозааш А4 (210х297) бо ҳошияҳои боло, поён, чап ва рост андозааш – 2 см ҷойгир кардан лозим аст. Рақамгузорӣ карда нашавад. Маводро бо шрифти Times New Roman бо андозаи 14 таҳия кардан лозим аст, байни сатрҳо 1,15. Муҳтавои асосӣ (Аннотатсия) на кам аз 7-10 ҷумла, калимаҳои калидӣ на кам аз 10 калима ва маълумот дар бораи муаллиф (рақами телефон ва е-mail) бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.Мавод бояд ҷавобгўи чунин талабот бошад: номи мақола, ному насаби муаллиф, номи ташкилот, шаҳр, давлат, тексти асосӣ, хулосаҳо ва рӯйхати адабиёт. (Рӯйхати адабиёти истифодашуда на зиёда аз 10 номгӯйи адабиёти илмӣ.) Номи мақола бояд бо ҳарфҳои калон (сиёҳкардашуда) чоп шуда, сатҳи ҳошияи боло нигоҳ дошта шавад. Номи мақоларо дар марказ ҷой додан лозим аст. Ҷойи як сатрро холӣ гузошта ному насаби муаллифро (бо ҳарфҳои сиёҳкардашуда) сабт намудан лозим аст. Гузаронидани қисми калима ба сатри нав манъ аст. Дар қавс, ба намуди курсив, намуди кӯтоҳкардашудаи ташкилот, шаҳр, давлат (бо вергул, дар марказ) ҷойгир кардан лозим аст.Расмҳо, тасвирҳо, диаграмма ва нақшаҳоро бо формати *bmp, *gif, *jpg, *dwg андозаи на камтар аз 60х60мм, бо объектҳои (мавод) дохил карда, дар рафти ҷойгиршавии мавод ҷо ба ҷо кардан лозим аст.Ҷадвалҳо бояд ном дошта бошанд. Дар объекти (мавод) ҷойгиркардашуда дар зери ҳар як расм ё дар болои ҷадвал рақам ва номҳои он сабт карда мешавад. Ҳар расм ё ҷадвал аз боло ё поён аз матн бояд бо 1 фосилаи байнисатрӣ ҷудо карда шавад.Формулаҳо бо курсив навишта шуда, бояд аз матни асосӣ як фосила ҷойи холӣ дошта бошанд ва дар марказ ҷой дода шуда, рақамгузорӣ карда шаванд (дар ҳолати овардани иқтибос аз матн). Рақамҳо дар қавсҳои нимдавра оварда шуда, бо сарҳади аввали ҳошия баробар карда шаванд.Матни мақола, расм ва тақризро дар диски CD-RW (флеш) сабт намуда, дар зери он ному насаби муаллифон ва номи мақоларо овардан зарур аст.Муайян кардани УДК – и мақола.Навиштани рӯйхати адабиёт аз рӯйи алифбо бо талаботи ГОСТ.Маводе, ки ба талабот ва ба тематикаи маҷалла ҷавобгӯ нест, инчунин маводе, ки ба кумитаи тадорукот бо камбудиҳо дастрас мешаванд, қабул карда намешаванд.Маълумот дар барои муаллиф ба тартиби зайл оварда мешавад: насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошад), вазифа ва ҷойи кор, телефон ва почтаи электронӣ, инчунин суроғаи почтаи ҷойи кор;Мақолаи аспирант/докторанти PhD/ унвонҷӯ танҳо бо тавсияи роҳбари илмӣ/мушовири илмӣ қабул карда мешавад;ЭЗОҲ:Мақолаи ба маҷалла воридшуда аз ҷониби ҳайати таҳририяи силсиламаҷаллаҳои илмии ДТТ дар муддати 30 рӯз баррасӣ мегардад;Маблағи чопи мақола пас аз тавсия шудани мақола ба нашр қабул карда мешавад.