Идораи ташкилию тарбиявӣ ва идеологӣ
Вазифаи сардори идораи ташкилию тарбиявӣ ва идеологӣ моҳи августи соли 2024 бо мақсади пешбурди фаъолияти кори идораи ташкилию тарбиявӣ ва идеологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Аз 1-уми сентябри соли 2024 Бобизода Гулшан Шералӣ бо фармоиши Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба вазифаи сардори идораи ташкилию тарбиявӣ ва идеологӣ таъин шудааст.
Ӯ муттасаддии дар амал ҷори намудани маҷмуи қонун ва Низомномаҳои соҳаи маориф ва таҳсилоти олии касбӣ, қарорҳои Шурои олимони Донишгоҳ, фармонҳои ректори Донишгоҳ оид ба масоили тарбия дар раванди таёр намудани мутахассисон мебошад. Дар чорчӯбаи салоҳияти худ дар сатҳи идора, роҳбарӣ ва назорати корҳои тарбиявӣ идеологиро ба уҳда дорад. Бурдани тарғиботу ташвиқот миёни кормандон, татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ва саҳмгузорӣ дар амалигардонии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, бо “Қоидаҳои донишҷӯӣ”, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, мутасаддиёни соҳаи амалӣ гардонидани барномаҳои кори тарбиявиро шинос намуда, дар ин раванд иҷрои ҳатмии онҳоро аз ҷониби мутасаддиён таъмин менамояд. Дар ин раванд бо назардошти тайёр намудани мутахассисони варзидаи замони нав ва имконияти баланд бардоштани на танҳо донишҳои касбӣ, балки тарбияи ватандӯстиро таъмин менамояд.