ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз марказҳои пешбари омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои саноат, иқтисодиёт ва технологияҳои рақамӣ табдил ёфтааст.
Фаъолияти он бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи амалисозии стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла «Солҳои рушди саноат (2022-2026)» ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030)» ба роҳ монда шудааст. Маҳз дар ҳамин замина марҳилаи нави Стратегияи рушди донишгоҳ то соли 2030 таҳия ва тасдиқ гардид.
ДТТ 20 сентябри соли 1990 бо қарори Шурои вазирони ҶШС Тоҷикистон таҳти №207 ҳамчун Коллеҷи олии технологӣ таъсис ёфта, 29 июли соли 1991 дар асоси қарори Девони вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) таҳти №530 ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва озуқаворӣ ва 19 феврали соли 1993 бо қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №80 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил дода шуд. Филиалҳои донишгоҳ дар шаҳрҳои Хуҷанд (1993) ва Кӯлоб (2003) таъсис ёфтанд.
Марҳилаҳои рушд:
Солҳои 1990-1993 – Таъсис ва ташаккули ҳуқуқӣ;
Солҳои 1993-2005 – Таҳкими заминаи таълимӣ барои саноати сабук ва хӯрокворӣ:
Солҳои 2005-2020 – Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот, рушди бакалавриат, магистратура ва докторантура;
Солҳои 2021-2026 – Марҳилаи рушди инноватсионӣ, рақамикунонӣ ва байналмилалишавӣ.
Дар тули фаъолият ДТТ зиёда аз 20420 нафар мутахассис омода намудааст (17767 нафар бакалавр, 653 нафар магистр) ва аз ин шумора 700 кас соҳиби дипломи аъло гардидаанд.
Алҳол дар донишгоҳ 199 омӯзгори штатӣ, аз ҷумла 17 доктори илм, 97 номзади илм, 49 муаллими калон ва 36 ассистент фаъолият дорад. Сатҳи унвонмандӣ – 57,3 %.
Нишондиҳандаҳои асосӣ: 8 факултет, 20 кафедра, 4 марказ, шуъбаи магистратура ва докторантура, филиал дар Исфара ва Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. Дар назди корхонаҳо 20 филиали кафедраҳои тахассусӣ таъсис дода шудааст.
Соли 2024 ДТТ аз аттестатсия гузашта, иҷозатномаи нав гирифт: 58 ихтисоси бакалавр, 38 барномаи магистратура, 18 ихтисоси PhD, 22 ихтисоси аспирантураи анъанавӣ ва 30 курси кӯтоҳмуддат. Аз ин 37 барнома бевосита ба Стратегияи саноатикунонии босуръат равона шудааст: 13 барнома дар саноати сабук, 12 барнома дар саноати хӯрока, 7 барнома дар ТИК ва 5 барнома дар самти зеҳни сунъӣ ва дронҳо.
Рақамикунонӣ: Шабакаҳои оптикӣ, сервери пуриқтидор, сомонаи нав бо чат-бот, китобхонаи электронӣ бо зиёда аз 1 миллион нусха, платформаи ягонаи идоракунии таълим, ID-картҳо, Face-control, пардохтҳои ғайринақдӣ, 900 компютер, 26 толори лексионӣ, 22 синфхонаи компютерӣ ва 54 синфхонаи мултимедиавӣ.
Дар донишгоҳ 35 озмоишгоҳҳои гуногун, марказҳо илмӣ-таълимӣ ва Парки инноватсионии «Фановар» фаъолият менамоянд.
Барои талаботи иқтисоди рақамӣ ихтисосҳои нави «Зеҳни сунъӣ», «Истифодабарии дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард», «Роботҳои саноатӣ ва комплексҳои робототехникӣ», «Иқтисоди рақамӣ», “Дастгоҳҳои зеҳнӣ, мошинхо ва истеҳсолот” ва ғайра кушода шуданд.
Донишгоҳ дар рейтинги миллӣ аз зинаи 13-ум дар соли 2016 соли 2025 ба зинаи 6-ум баромад. Дар рейтинги Интерфакс байни 400 донишгоҳи беҳтарини ИДМ ҷои 151-умро ишғол кард ва сазовори ҷоизаи «Ситораи сифат» -и IAAR-EUR гардид.
ДТТ соли 2020 бори аввал аз Агентии мустақили аккредитатсияи байналмилалӣ (IAAR) ба 2 барнома ба муҳлати 5 сол шаҳодатномаи байналмилалӣ гирифт (он вақт ягона дар Тоҷикистон).
24 сентябри соли 2026 бо қарори Шӯрои аккредитатсионии IAAR донишгоҳ ба муҳлати 5 сол соҳиби Шаҳодатномаи аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гардид. Шаҳодатнома 2-3 октябри соли 2026 дар Форуми X-уми байналмилалии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остона ба ректор Раҳмонзода З.Ф. супорида шуд.
Аҳамияти ин дастовард:
Илм ва инноватсия: Афзалият ба таҳқиқоти амалӣ, ихтироъкорӣ, рушди озмоишгоҳҳои соҳавӣ, технологияҳои рақамӣ ва стартапҳо дода мешавад.
Ҳамкорӣ бо саноат: Донишгоҳ бо 170 корхона шартнома дорад, ки 56-тои он саноатӣ мебошад. Аз соли хониши 2024-2025 низоми таҳсилоти дуалӣ роҳандозӣ гардида, 20 филиали кафедраҳои тахассусӣ дар корхонаҳо таъсис ёфтааст.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ: 100 созишнома бо донишгоҳҳои 30 кишвар, 10 лоиҳаи байналмилалӣ (Erasmus+, GIZ, JICA, KOICA, Бонки Ҷаҳонӣ, ЮНЕСКО) ва ғайра. Марказҳои Тоҷикистону Корея ва Маркази забони кореягӣ фаъолият доранд. Ҷуғрофияи ҳамкориҳо: Олмон, Италия, Испания, Полша, Корея, Чин, Ҳиндустон, Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Фаъолияти тарбиявӣ ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллию давлатӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ равона гардида, дар ин раванд тадорукот ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда доранд.
Самти тарбия: Ташкили мулоқотҳо, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конференсияҳои илмӣ-назариявӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таблиғи фарҳанги миллӣ.
Инфрасохтор: 133 синфхона бо 3380 ҷойи нишаст (1815 – лексионӣ, 625 – амалӣ, 598 – компютерӣ, 342 – озмоишӣ).
Дурнамои рушд то соли 2030:
– Мутобиқсозии барномаҳо ба талаботи бозори меҳнат;
– Рушди муҳандисӣ, AI ва автоматизатсия;
– Тақвияти таҳсилоти дуалӣ ва стартапҳо;
– Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ;
– Навсозии озмоишгоҳҳо ва муҳити рақамӣ;
– Мониторинги сифати таҳсил ва шуғли хатмкунандагон.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рушди устуворро дар ҳамбастагии сифати баланди таҳсилот, иқтидори илмӣ-инноватсионӣ ва инфрасохтори муосир мебинад.
Ҳар шахсе, ки ба ДТТ қадам мениҳад, аз дидани сарсабзию хуррамӣ, гулҳои рангоранг ва тозагии намунавии он ба ваҷд омада, ошиқи ин макони илму маърифат мегардад ва ин зебоиву тароват абадан дар таассуроташ боқӣ мемонад.
