Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва барномаҳои таҳсилотӣ

Арбобов Субҳиддин Саидмуҳаммадович

Мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва барномаҳои таҳсилотӣ
s.arbobov.90@gmail.com
(+992) 93-564-88-00

Маълумоти умуми оиди фаъолияти шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва барномаҳои таҳсилотӣ

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва барномаҳои таҳсилотӣ яке аз сохторҳои таркибии Идораи таълимӣ-методии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ба таъмини мониторинг, арзёбӣ, таҳлили натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, такмили пайвастаи сифати таҳсилот, муайян намудани роҳу воситаҳои самарабахши баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҷдиди назар намудани нақша ва барномаҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳ равона гардидааст.

Шуъба дар доираи ваколатҳои муқарраргардида фаъолияти худро бо мақсади мусоидат ба ташаккул ва рушди низоми дохилии идоракунии сифати таҳсилот, таъмини мутобиқати барномаҳои таҳсилотӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва меъёрҳои соҳавӣ, таҳкими фарҳанги сифат ва баланд бардоштани самаранокии раванди таълим амалӣ менамояд.

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва барномаҳои таҳсилотӣ ба ташкил ва баҳодиҳии сифати таълим, худбаҳодиҳии дохилӣ дар сохтори Донишгоҳ, амалӣ намудани тартиби назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, муайян намудани самтҳои асосии такмили самаранокии таълим, санҷиши донишандӯзӣ (мониторинг), назорати ҷамъбасти ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳои сессияҳои санҷишию имтиҳони даврӣ ва аттестатсияҳои ҷамъбастии давлатии хатмкунандагон (натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ, ҳимояи рисолаҳои хатми тахассусӣ, кори магистрӣ, имтиҳони давлатӣ), коркарди тавсияҳо ҷиҳати ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, татбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитӣ бо ташкили силсилаи чорабиниҳои таълимию илмӣ ва машваратҳои методӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, такмили нақшаву барномаҳои таълимӣ, санҷиш ва назорат дар самти дуруст ба роҳ мондани банақшагирӣ, санҷиши мутобиқати саволнома ва мисолу масъалаҳои тестӣ бо барномаи таълимӣ, омӯзиши усулҳои қабули санҷишҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва имтиҳони ҷамъбастӣ, таҳлили сифатии тестҳои имтиҳонӣ ва тавсияҳои методӣ масъул аст. Шуъба бо мақсади иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ихтисосҳои дар Донишгоҳ амалкунандаро назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳу сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу ба талаботи замон ҷавобгӯ ва дигар самтҳои раванди таълими фаъолияти Донишгоҳ баҳо медиҳад. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар Донишгоҳ аз рӯи 3 самт сурат мегирад: таъмин, идоракунӣ ва рушди сифати таълим. Фаъолияти шуъба пеш аз ҳама ба таҳлилу натиҷабардорӣ ва такмил додани сифати таълим равона карда шуда, самти асосии сифати таҳсилотро ташкил медиҳад.

Таъмини сифат ва таҳкими ҷиҳатҳои хуби фаъолияти корӣ тақозои ҷомеаи муосир буда, дар асоси талаботи низомномаҳои муассиса ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, низомномаҳои қабулгардида барои сари вақт ба анҷом расонидани корҳои барномавӣ ва фаъолияти ҳадафмандона мусоидат менамоянд. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва барномаҳои таҳсилотӣ бо мақсади таҳким бахшидани тартибу интизом дар ҷараёни таълим назорати электронии раванди таълимро дар якҷоягӣ бо маркази иттилоотӣ дар факултетҳои Донишгоҳ ба роҳ мондааст. Мутахассисони шуъба назорати электронии раванди таълим, ҳозиршавии омӯзгорону донишҷӯёнро ба дарс ва рафти машғулиятҳои аудитории факултетҳои биноҳои таълимї  пайваста назорат карда, мунтазам натиҷабардорӣ мекунанд. Аъзоёни шуъба пайваста ҳозиршавии устодон ва донишҷӯёнро ба дарс, тибқи ҷадвали дарсӣ сурат гирифтани машғулиятҳои таълимӣ, рафти дарсҳои аудиторӣ, истифодаи воситаҳои техникӣ дар дарсҳо ва мавҷудияти маводи таълимии донишҷӯёнро зери назорати қатъӣ қарор додаанд. Ҳамзамон, ҷараёни имтиҳонсупории донишҷӯён дар маркази тестӣ бо усули электронӣ мунтазам назорат карда мешавад. Баробари оғоз шудани аттестатсияи давлатӣ рафти он дар факултетҳои Донишгоҳ мавриди назорат қарор мегирад. Ҷоиз ба қайд аст, ки назорати пайвастаи электронӣ то имрӯз натиҷаҳои хуб дода истодааст.

Бояд иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва барномаҳои таҳсилотӣ ба таври воқеӣ баҳо додан ба сатҳи сифати дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯён, нишон додани дастовардҳои онҳо ҷиҳати азхуд намудани илму дониш мебошад.

Аз ин рӯ, мутахассисони шуъба ҷиҳати ташкилу гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва иҷрои талаботи Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Азбаски мониторинг рукну қоидаҳои муҳими роҳбарию идоракунӣ, омӯзиш, санҷиш ва баррасии анҷому натиҷаи кор, ҷараёни таълиму тарбия ва ғайраро баррасӣ менамояд, масъулини Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва барномаҳои таҳсилотӣ бо мақсади беҳдошти сифати таълим сари вақт гузаронидани мониторинг ва зинаҳои он дастури методии «Тавсиянома оид ба гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот» – ро таҳия намуда, намунаҳои онро ба ҳамаи факултетҳои Донишгоҳ дастрас гардониданд.

Дар раванди амалишавии сиёсати сифати тањсилот аз тарафи кормандони шўъбаи идоракунии сифати тањсилоти Донишгоҳ назарсанҷии мунтазами истифодаи технологияњои интерактивии таълим роњандозї шудааст.

Масъалањои шуъбаи идоракунии сифати тањсилот ва барномањои тањсилотии донишгоњ дар љаласањои Шурои олимон ва раёсати донишгоњ баррасї гардидаанд.

Тибқи талаботи фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2022, № 664, шуъба вазифадор гардидааст, ки ҳар семоҳа оид ба фаъолияти мониторинги идоракунии сифати таҳсилот ва натиҷаҳои мониторингҳои гузаронидашуда ба Агентии мазкур маълумотномаи дахлдор пешниҳод намояд.

Дар асоси низомномаи “Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва барномаҳои таҳсилотӣ”, шуъба ҳуқуқ ва вазифаҳои зеринро дорад:

Ҳуқуқҳои шуъба:

  • сифати таҳсилотро дар донишгоҳ новобаста аз ихтисос ва шакли таҳсил (шӯъбаи рӯзона, таҳсилоти фосилавӣ, ғоибона ва магистратура) назорат ва натиҷагирӣ намояд;
  • бо мақсади амалигардонии вазифаҳои дар назди шуъба гузошташуда дар гурӯҳҳо санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсишҳои даҳонӣ ва варақавӣ гузаронад;
  • сифати таҳияи маводҳои таълимию методиро назорат намояд. Дар мавридҳои ба талаботи пешниҳодшаванда мутобиқ набуданашон чопи онҳоро боздоронад;
  • бо супориши раёсат ва Шурои олимони донишгоҳ санҷишҳои фаврӣ гузаронида, оид ба натиҷаҳои он ба раёсати донишгоҳ маълумот пешниҳод намояд;
  • бо мақсади баҳодиҳии объективӣ дар мавридҳои зарурӣ тибқи ҷадвали тасдиқшуда бидуни огоҳ намудани омӯзгорон дар машғулиятҳои онҳо иштирок намояд;
  • ба раёсати донишгоҳ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти шуъба дохил мешаванд, таклифу дархостҳо пешниҳод намояд;

Вазифаҳои шуъба:

  • ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба назорати сифати таҳсилот дар факултетҳо;
  • гузаронидани санҷиш, таҳлил ва хулосабардории сифати таълим дар кафедраю факултетҳо;
  • ташкил ва гузаронидани баҳогузории рейтингӣ дар якҷоягӣ бо факултетҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунӣ ва сифати таҳсилот дар донишгоҳ;
  • гузаронидани санҷиш, таҳлил ва хулосабарории сифати таълим дар бахши магистратураи донишгоҳ;
  • ба амал баровардани назорат ва тавсияҳои методӣ оид ба истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни таълим, мониторинги сатҳи маҳорату малакаи истифодаи технологияи иттилоотӣ аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён дар ҷараёни машғулиятҳои дарсӣ;
  • тартиб додани маводҳои баргузории санҷишҳои экспертӣ (тестҳо, саволномаҳо, варақаҳои диктант) барои гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот;
  • таҳия ва такмили технологияҳои назорат ва худбаҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
  • таҳлили комплексии натиҷаҳои санҷиш ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён;
  • таъмини талаботи ягона ҳангоми гузаронидани мониторинг, санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
  • ташкил ва рушди системаи иттилоотӣ дар соҳаи мониторинг, назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
  • таҳия ва пешниҳоди маълумот оид ба натиҷаҳои мониторинг, назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ба Шурои илмию методӣ, Шурои олимон ва раёсати донишгоҳ;
  • пешниҳоди нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ҷараёни таълим ва мукаммал гардонидани сифати таҳсилот ба Шурои илмию методӣ, Шурои олимон ва раёсати донишгоҳ;
  • мунтазам ширкат кардан дар машғулиятҳои дарсии омӯзгорон бо мақсади таҳлили сифати таҳсилот;
  • санҷиши фаъолият ва чорабиниҳои садорати факултет ва кафедраҳо оид ба назорати сифати таҳсилот;
  • санҷиши вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот дар садоати факултетҳо ва кафедраҳо;
  • гузаронидани мониторинг таввасути пурсиши варақавӣ (анкета) дар байни донишҷӯён дар мавзӯи «Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ»;
  • таъмини иҷрои қарорҳои Шурои олимон ва Шурои илмию методии донишгоҳ оид ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати машғулиятҳои дарсӣ;
  • гузаронидани санҷиш оид ба иҷрои нақшаи дарсҳои кушод ва баҳамдигардароии омӯзгорон;
  • санҷиши вазъи таҳияи васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, аёниятҳо аз тарафи омӯзгорон.