
Табрикоти ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ
Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
27-уми июни соли ҷорӣ аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ ба ин муносибат самимона шодбош гуфта, ба ҳар кадоматон тансиҳатӣ, саодати рӯзгор ва дар кору фаъолиятатон барору комёбӣ орзу мекунам.
Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола дар саросари Ватани маҳбубамон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, ба осонӣ ба даст наомадааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва муҳимтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ дорад. Бинобар ин, мо вазифадор ҳастем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар руҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем”.
Воқеан ҳам, дар таъмини сулҳи тоҷикон хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат-Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз ҷаҳду талош, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва силсилаи тадбирҳои андешидаи Сарвари давлат, аз ҷумла ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули қонуни авф ва иловаҳо ба қонун дар “Дар бораи озодии виҷдон” имкон фароҳам овард, ки беш аз як миллион фирорӣ ба Ватан, яъне ҷойҳои зисти муқимиашон баргашта, сулҳу субот ба тадриҷ дар кишвар таъмин карда шавад. Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хираду фитрати азалӣ ва ҷаҳду талошҳои шабонарӯзиашон давлатро аз нестӣ, миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, ваҳдати сартосариро таъмин сохт.
Бо дарназардошти аҳамияти беандоза доштани сулҳу ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”.
Дар ҳақиқат, маҳз пойдории сулҳу субот ва рӯз аз рӯз мустаҳкамтар гардидани ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз кишвари мо – Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун мамлакати сулҳдӯсту сулҳхоҳ ва пешрафта дар саросари олам мешиносанду эътироф мекунанд. Пойтахти он Душанбешаҳр, ки айни замон бо 22 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Африқо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) бародаршаҳр мебошад, ба макони баргузории чорабиниҳои сиёсии сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Пешрафти мамлакат, ободиву шукуфоии Ватан ва дастовардҳои азиме, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар насибамон гардидааст, ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, иқдому ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, ки мо тоҷикону тоҷикистониён аз он ифтихор мекунем.
Маҳз заҳмату талошҳои роҳбарияти олии кишвар, бахусус Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки шаҳри Душанбе дар радифи даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона дар ҷаҳон эътироф гардида, барои сокинону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ шароити созгору муносиб муҳайё гардидааст.
Ватани ободу зебои мо – Тоҷикистони соҳибистиклол таҳти роҳбарӣ ва сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз ободу зебо гардида, нуфузу эътибораш дар арсаи байналмилалӣ бештар шуда истодааст. Вале ин ҳама пешрафт ва ободию шукуфоии кишварро нотавонбинон ва хоинону душманони давлату миллат нодида гирифта, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишварамонро халалдор созанд. Бадхоҳони миллат аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони ноогоҳу камсаводро ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ ҷалб намоянд.
Аз ин рӯ, мову шумо омӯзгорони арҷмандро зарур аст, ки донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ тарбия намуда, ҳамчун мутахассиси рақобатпазир ба камол расонем, то ин ки онҳо ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, кӯшишу ғайрат ва донишу малакаи ҳосилкардаашонро баҳри пешрафт ва ободию шукуфоии Ватан, мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдати миллӣ равона созанд.
Устодону омӯзгорони гиромӣ, рисолати ҳар кадоми мо ҷиҳати таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ, дар он зоҳир мегардад, ки масъулиятшиносона дар таълиму тарбияи ҷавонон, омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд, неруи зеҳнӣ ва имконоти ақлонии худро сафарбар намоем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, то ҷиҳати боз ҳам шукуфоии миллат ва таҳкими давлати миллӣ мутахассисони дорои дараҷаи баланди касбӣ ва арзандаро, ки саршори худогоҳиву худшиносианд тарбия намоем. Боварӣ дорам, ки Шумо азизон барои расидан ба ин ҳадаф тамоми донишу таҷрибаи худро истифода менамоед.
Бори дигар Ҷашни муборакқадами Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Шумо азизон хуҷаста бод!