КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ IAAR ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба талаботи замони муосир, роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии ин ҳадафҳо пайваста чораандешӣ менамояд. Дар ин замина ва мутобиқ ба Стратегияи рушди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, қарор қабул гардид, ки барномаҳои таҳсилотии донишгоҳ аз раванди аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузаронида шаванд.
Ба ин васила, санаи 10 июни соли 2026 коршиносони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) бо мақсади гузаронидани Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд. Ин иқдоми муҳим дар заминаи таҳкими сифати таҳсилот ва устувор намудани мавқеи байналмилалии донишгоҳ созмон дода шуд.
Ба ҳайати гурӯҳи баҳодиҳии байналмилалӣ коршиносони зерин шомиланд: Байжан Нурбаевич Уалханов, роҳбари гурӯҳ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, коршиноси дараҷаи I-и IAAR, устоди Донишгоҳи инноватсионии АвруОсиё (шаҳри Павлодар, Ҷумҳурии Қазоқистон), Андрей Александрович Белошитский, коршиноси байналмилалии IAAR, доктори илмҳои техникӣ, профессор (шаҳри Киев, Украина), Алия Қайратовна Алдунгарова, коршиноси IAAR, доктори PhD, профессор, намояндаи Корпоратсияи байналмилалии таълимӣ (шаҳри Алмаато, Ҷумҳурии Қазоқистон), Умедҷон Сафаралиевич Ҳикматов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, директори Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Бабр Капитал» (шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон) коршиноси IAAR, Сафарзода Сино Диловар, магистранти соли якум аз рӯи ихтисоси «Молия ва қарз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Динара Каирбековна Бекенова, коршинос ва ҳамоҳангсози лоиҳаҳои IAAR (шаҳри Остона, Ҷумҳурии Қазоқистон).
Баъди пазироии самимона ва гарми ҳайати меҳмонон, мулоқоти расмии онҳо бо ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҳмонзода Зоир Файзалӣ доир гардид. Дар раванди он ҷонибҳо роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба, рушди робитаҳои илмию таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ ва мубодилаи таҷрибаю донишҷӯён табодули назар намуданд. Ректори донишгоҳ, аз ҷумла, қайд кард, ки омодагии таълимгоҳ ба ин раванд нишонаи таваҷҷуҳи махсус ба сифати омодасозии мутахассисон мебошад.
Баъдан, бо мақсади амиқтар шинос шудан бо фаъолияти ниҳодҳои дохилии таълимгоҳ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои амалӣ, меҳмонон дар алоҳидагӣ бо муовинону мушовирони ректор, роҳбарони идораю раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯриҳои судманд доир карданд. Мулоқотҳо дар доираи ҳусни тафоҳум, созандагӣ ва фазои дӯстона сурат гирифта, заминаи мусоидеро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои илмию маърифатӣ фароҳам хоҳанд овард.
Шоёни зикр аст, ки гирифтани аккредитатсияи IAAR барои донишгоҳҳо нишонаи барҷастаи он аст, ки сифати таҳсилот ба меъёрҳои муайяни ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, барномаҳои таълимӣ ба талаботи муосири бозори меҳнат мутобиқат мекунанд ва муассиса барои такмили фаъолият аз арзёбии мустақили байналмилалӣ гузаштааст. Ин раванд рақобатпазирии хатмкунандагонро дар сатҳи байналмилалӣ баланд мебардорад.
Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) соли 2011 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис ёфта, яке аз муассисаҳои пешбарандаи байналмилалии баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад.

Leave a Reply