Ҳама гуна амал ва рафтори ношоиста боиси нигаронии ҷомеаи мо мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоем, зеро даст задан ба чунин амалҳо на танҳо ба ҳаёти шахсӣ, балки ба манфиатҳои ҷомеа низ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, дурӣ ҷустан аз чунин кирдорҳои номатлуб яке аз хислатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Нафароне, ки даст ба порагирӣ мезананд, дар назди ҷомеа ба амалҳои нанговар роҳ дода, обрӯ ва эътибори худро коста мегардонанд.
Давоми солҳои охир чунин ҷиноятҳоро бештар нафароне содир менамоянд, ки соҳиби мансабҳои гуногун мебошанд. Аз ин рӯ, мо – кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки ҳангоми таълиму тарбияи насли наврас, бахусус донишҷӯён моҳияти ин амал, оқибатҳои ногувори он ва зарари коррупсияро ба ҷомеа пайваста фаҳмонем.
Мубориза бурдан ба муқобили амалҳои коррупсионӣ на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти тамоми шаҳрвандон мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 иброз дошта буданд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».
Воқеан ҳам, муборизаи дастҷамъона алайҳи чунин амалҳои ношоиста боиси пешрафти ҷомеа ва решакан гардидани онҳо мегардад. Имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма мушоҳида менамоем, ки аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда мешаванд, ки ин омил барои коҳиш ёфтани сатҳи чунин ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори созандаи роҳбарияти олии кишвар дар самти мубориза бо коррупсия қадамҳои устувор гузошта, ҷиҳати пешгирии он тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ҳамаи ин барои фароҳам овардани заминаҳои мустаҳками ташкилӣ ва ҳуқуқии мубориза бо коррупсия мусоидат менамояд.
Барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ моро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату вохӯриҳоро дар байни аҳолии касбу кори гуногун тақвият бахшида, корҳои тарғиботиро бо истифода аз шиору овезаҳои «Ба коррупсия не мегӯем!», «Мо зидди коррупсия ҳастем!» ва дигар воситаҳои таъсиррасон бештар ба роҳ монем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти махсуси мубориза бо коррупсия изҳор намуда буданд: «Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».
Ҷиҳати пойдории Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи кишварамон набояд роҳ диҳем, ки нафарони нохалаф бо амалҳои номатлуби худ ба амният, субот ва пешрафти ҷомеа халал ворид намоянд.
Наҷибулло АБДУЛЛОЗОДА
Мудири кафедраи барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ

