admintj

By

14.10.2026 дар Маҷмааи варзишии «Яккачинор»-и шаҳри Душанбе даври шаҳрии чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба Ҷудо миёни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дастпарвари Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-360701В, факултети муштараки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотск Аҳмадов Нурулло дар мусобиқоти мазкур фаъолона иштирок намуда, дар миёни довталабони зинаҳои ифтихорӣ...
Read More
10 октябри соли 2026 донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зимни машқи пагоҳирӯзии солимгардонӣ, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Чорабинии зикршуда дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Миллати ҷисман солим — рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир...
Read More
10 октябри соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба муносибати 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шоҳроҳи Душанбе–Бохтар ва кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ аксияи экологии «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор шуд. Он бо ташаббуси Клуби «Волонтёрони экологӣ»-и назди Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...
Read More
7-уми сентябри соли 2026 директори бахши робитаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва касбии Шурои Британия ҷаноби Майкл Холгейт бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва баррасии имкониятҳои рушди ҳамкориҳои муштарак ба донишгоҳ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ мулоқот намуд. Раҳмонзода З.Ф. меҳмонро самимона истиқбол намуда, оид ба фаъолияти таълимию илмии донишгоҳ, иқтидори...
Read More
Рӯзҳои 2-3 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи IT-и шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба мунисибати 15-солагии таъсиси Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР/IAAR) даҳумин Форуми байналмилалии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Такмили сифати таҳсилот дар замони рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ: уфуқҳои нави рушди маориф» баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок...
Read More
03.10.2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ” ва ҳамзамон таҷлили Рӯзи касбии омӯзгор дар сатҳи баланд доир гардид. Табрикоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи касбии омӯзгор аз ҷониби муовини ректор оид...
Read More
1-уми октябри соли 2026 дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид. Ҳайати Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Ерохин Сергей Дмитриевич, муовини проректор оид ба сиёсати ҷавонон ва тарбия Сидоркина Ирина Юрьевна, муовини...
Read More
3-юми октябри соли 2026, дар арафаи Рӯзи омӯзгор, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои омӯзгорон ва қадршиносӣ аз мақому манзалати аҳли маориф дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Аксияи табрикотӣ зери унвони “Муаллим шарафманди ҳама давру замонҳост” баргузор гардид. Зимни Аксия омӯзгорони донишгоҳ бо табрикномаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва гулдастаҳои зебо самимона...
Read More
25-уми сентябри соли 2026 дар доираи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо директори Маркази технологияҳои таълимии Шаньдун Тацзянь Ҷумҳурии Мардумии Чин Ши Юньҷун баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ва технологиро баррасӣ намуда, ба омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои техникӣ ва...
Read More
28 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ: эътимод, амният ва рушд: Аз ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон ба платформаи глобалии ҳамкорӣ» баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории онро, ки бо иштироки доираи васеи коршиносон, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва омӯзгорону донишҷӯён ҷараён гирифт, ташаббускорон – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди...
Read More
1 2 3 … 30