ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАҲАВВУЛОТИ РАҚАМӢ
Дар таърихи навини Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад, яке аз рӯзҳои муқаддас ва фаромӯшнопазир маҳсуб меёбад. Ин рӯз, ки бо имзои Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 иртибот дорад, оғози марҳалаи нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари мо гардида, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст рамзи бозгашти сулҳ, субот ва якпорчагии Ватан мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллате, ки ваҳдату якдигарфаҳмиро дар пояи афкори иҷтимоӣ ва сиёсати дохилии худ қарор медиҳад, ҳаргиз шикаст намехӯрад ва баръакс, ба дастовардҳои арзишманди сиёсиву иқтисодӣ ноил мегардад. Тоҷикистон низ пас аз марҳалаи душвори ҷанги шаҳрвандӣ бо иродаи устувори мардуми тамаддунсоз ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии мамлакат тавонист роҳи сулҳу субот ва созандагиро пеш гирад.
Нақши Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини ваҳдати миллӣ бузургу тақдирсоз аст. Ҷасорат ва масъулиятшиносии сиёсии Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистони ба кишвари орому обод ва дорои нуфузи рӯзафзун дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт.
Қобили зикр аст, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушд ва барои зиндагии шоистаи мардум дар мамлакат бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина амалишавии чор ҳадафи тақдирсози стратегии Ҳукумати мамлакат: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёде ба анҷом расида истодаанд. Вобаста ба амалишавии ҳадафҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар санаи 16 ноябри соли 2018 ба кор андохтани аввалин агрегати НБО “Роғун” ва 9 сентябри соли 2019 ба кор андохтани агрегати дуюми НБО “Роғун” аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами устувор дар рушди на танҳо Тоҷикистон, балки манотиқи Осиёи Марказӣ гардид. Ин рӯйдоди воқеан муҳим дар таърихи миллат бо хатҳои заррин асрҳо боқӣ мемонад.
Бешубҳа, заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат беандоза аст. Мардуми бо нангу номус, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик дар партави Пешвои миллат устуворона қадам мениҳанд ва Ватани маҳбубро боз ҳам ободу зебо намуда истодаанд. Шаҳодати ин гуфтаҳо дар дигаргуниҳои куллӣ дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дида мешавад, ки ҳамаи онҳо аз баракати ваҳдати миллӣ сарчашма мегиранд.
Бидуни ваҳдати миллӣ, ки пояи суботи ҷомеа ва пешрафти давлат аст, рушди ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ, аз ҷумла таҳаввулоти рақамӣ, ғайриимкон хоҳад буд. Танҳо дар фазои ором, дар муҳити ҳамгироӣ метавон барномаҳои стратегии рушди рақамиро татбиқ намуд ва бо кишварҳои пешрафта ҳамқадам гардид.
Дар замони муосир, ки ҷаҳон ба суръати бесобиқа ба сӯи рақамикунонӣ ҳаракат мекунад, ҳар як ҷомеаи пешрафта кӯшиш менамояд, то дар паҳлӯи таҳкими пояҳои миллӣ ва сиёсӣ, ҳамзамон технологияи иттилоотиро ба манфиати рушди давлат ва ҷомеа истифода барад. Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор намонда, дар асоси ваҳдату суботи сиёсӣ ва фазои ороми ҷамъиятӣ, марҳила ба марҳила ба сӯи ҷомеаи рақамӣ қадам мегузорад.
Имрӯз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои миллӣ ва гузариш ба низоми рақамикунонӣ, таъсис ва густариши ҳукумати электронӣ, фароҳамсозии инфрасохтори рақамӣ, боло бурдани саводнокии рақамии аҳолӣ ва дастрасии бештари шаҳрвандон ба хидматрасониҳои онлайн марҳила ба марҳила амалӣ мешаванд. Бунёди чунин низом танҳо дар сояи сулҳ ва ҳамдилӣ муяссар гардид.
Ваҳдати миллӣ, ки бо заҳматҳои пайгирона ва хиради сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, заминаи муҳими ҳама гуна пешравиҳо гардид. Бешубҳа, агар дар ҷомеа ихтилоф, тафриқа ва нобоварӣ ҳукмрон бошад, наметавон умед ба рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ баст.
Дар муҳити муттаҳид ва боварибахш, ҷавонон имкон пайдо карданд, ки дар соҳаи технологияҳои муосир таҳсил кунанд, навоварӣ кунанд, барномаҳои мобилӣ, сайтҳо ва шабакаҳои иттилоотии миллӣ таъсис диҳанд. Ҳукумати кишвар низ барои дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ ва рушди экосистемаи рақамӣ иқдомҳои муассиреро рӯи даст гирифтааст.
Дар солҳои охир, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо ба марҳилаи нави рақамисозии иқтисод ва идоракунии давлатӣ қадам гузоштааст. Созмонҳо ва муассисаҳои давлатӣ тадриҷан ба хизматрасониҳои электронӣ мегузаранд, таҳсилоти фосилавӣ ва онлайн, бонкдории рақамӣ, платформаҳои савдои электронӣ ва дигар навовариҳо дар ҳаёти мардум роҳ меёбанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ санаи 28 декабри соли 2024 ҷиҳати гузариш ба низоми рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат таваҷҷуҳи хосса намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ бобати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Бо ин ҳадафҳо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо чораҳои ислоҳотӣ амалӣ мегарданд.
Дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шудаанд. Илова бар ин, «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул гардиданд. Ин барномаю консепсияҳо ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ, роҳёбии бештар ба бозори ҷаҳонӣ тавассути рақамикунонии соҳа, таъмини низоми содакардашудаи савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ҷалби сармояи хориҷӣ равона шудаанд.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими асосҳои дастурии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шавад. Ибтидои соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Аз ҷониби ин ниҳод аллакай корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, раванди рақамикунонӣ ва пайванди инноватсия бо истеҳсолот идома дорад.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ нахустин Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» баргузор шуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ҳукумати электронӣ, аз ҷумла хизматрасонии электронии давлатӣ, идоракунии рақамӣ дар мақомот, иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати рақамӣ, амнияти киберӣ ва рушди инфрасохтори ҳаëтан муҳими телекоммуникатсионӣ, саводнокии рақамӣ ва дастрасӣ ба интернет, инчунин усулҳои глобалӣ ва миллии идоракунии рақамӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ёфтани имконияти тақвияти ҳамкории соҳавӣ ва рушди инфрасохтори инноватсионию рақамӣ нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» бо мақсади муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар мамлакат, рушди хизматрасонии электронӣ ва ҳукумати электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла технологияи молиявӣ, таъмини амнияти киберӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ баргузор гардид. Дар кори он беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти давлатӣ аз 26 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар форум имконият ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ, бахши хизматрасонии молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмилалӣ вобаста ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Пеш аз баргузории форум Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон моҳи ноябри соли 2024 Ҳафтаи инноватсия ва табдили рақамии Тоҷикистонро ташкил намуд, ки давоми ҳафта дар мақомоти давлатӣ, бонкҳо, IT паркҳо, фондҳо дар соҳаи IT, стартапҳо, академияҳо, донишгоҳҳо ва бахши хусусӣ гуфтушунидҳо барои муҳокима ва татбиқи идеяҳои (заминаи) амалинамоии раванди гузариши рақамӣ ва инноватсия, чорабиниҳо дар самти рушди хизматрасонии давлатии электронӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, рушди инфрасохтори пардохт, тиҷорати электронӣ, технологияи молиявӣ, киберамният, инчунин ташкили паркҳои технологӣ ва иттилоотӣ баргузор гардиданд.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар мамлакат рақамикунонии бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва ифтитоҳи марказҳои инноватсионию рақамӣ аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар бо маром идома дорад.
Мавриди тазаккур аст, ки 29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Точикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Озмоишгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётиро мавриди истифода қарор доданд.
Сохторҳои нави ҳамқадами замон низоми фаъолият ва раванди хизматрасониҳоро дар соҳаи роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида, омили рушди бонизом мебошанд, ки пайваста бо дастовардҳои намоён ба қайд гирифта мешаванд.
Бо амалӣ шудани низоми рақамии назорат имкон фароҳам гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дурдасттарин минтақаҳо низ ба танзим дароварда шаванд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», пеш аз ҳама, бо татбиқ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ–коммуникатсионӣ ва телематикӣ барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ марбут ба соҳаи роҳу нақлиёт новобаста аз шакли моликият замина гузоштааст.
Ҳамчунин, дар таърихи 7 апрели соли 2025 аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳи расмии нахустин парки IT дар пойтахт – ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор гардид, ки ҳадаф аз он рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастгирии соҳибкории рақамӣ мебошад.
Лоиҳаи мазкур як қадами муҳим дар самти рушди иқтисоди рақамии кишвар буда, ба ҷавонон ва соҳибкорони соҳаи технологӣ дастгирии назаррас мерасонад.
IT Park ба стартапҳо ва ширкатҳои IT имкониятҳои беназир барои кор дар фазои рақамии муосир, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва пешбурди маҳсулоти инноватсионии рақамиро фароҳам меорад.
Дар санаи 20 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии КВД “Шаҳри ҳушманд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» дар асоси нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оид ба эълони солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин тадбир шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад.
Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд” бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 майи соли 2019, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии маҳаллӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсис дода шудааст.
“Шаҳри ҳушманд”, ин консепсияи шаҳрсозӣ, ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, барои идоракунии инфрасохтори шаҳр, ба монанди нақлиёт, маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, амният ва ғайра мебошад.
Ташкили “Иқтисоди рақамӣ”, “Нақлиёти ҳушманд”, “Тибби ҳушманд”, “Таълими ҳушманд”, “Рӯшноии ҳушманд”, “Иқтисоди сабз” (Шаҳри сабз), “Харитаи электронӣ” ва дар маҷмуъ татбиқи бештар аз 20 лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми “Шаҳри ҳушманд” роҳандозӣ шудааст.
Рақамикунонии соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Душанбе насби сутунпояҳои алоқаи мобилӣ, амалисозии Лоиҳаи иҷтимоии Wi-Fi, тарҳи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва коркарди он”, таҳияи “Харитаи электронӣ”, “Рақамикунонии соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе-«Нақлиёти ҳушманд»”, фаъолсозии “Шаҳри бехатар” ва ғайраҳо аз зумраи корҳоест, ки тариқи Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳоли иҷро қарор доранд.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 25 июни соли 2025 дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”-ро ифтитоҳ гардид, ки стратегияи асосии марказ тавассути ҳисоббарории зеҳни сунъӣ бо арзиши то 8 маротиба баланд тадбил додани фуруши неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба кишварҳои дуру наздик мебошад.
Чунин пешравиҳои технологию инноватсионӣ дар фазои амн ва сулҳу оромӣ пайваста амалӣ гаридидаистодаанд, ки аз баракати Ваҳдати миллӣ маншаъ мегиранд.
Таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо як ҳадафи сиёсӣ, балки шарти бунёдӣ барои татбиқи рақамисозии муваффақ дар ҳама соҳаҳо мебошад. Танҳо дар фазои сулҳу субот, эътимод ва ҳамфикрии миллӣ метавон ҷомеаи рақамии муосир, фарогир ва устувор сохт.
Ҳамин тариқ, ҳузури Тоҷикистон дар фазои рақамии ҷаҳонӣ тақвият ёфта, замина барои ворид шудани шаҳрвандон ба ҷаҳонбинии технологӣ ва иттилоотии нав фароҳам гардидааст. Танҳо бо нигоҳ доштани ваҳдат, сулҳ ва фазои созанда метавон ин равандро густариш бахшид ва ба як ҷомеаи рақамӣ, инноватсионӣ ва мутараққӣ табдил дод.
Фирӯзҷон ҒАФОРОВ,
муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
ДТТ, 27 июни соли 2025