Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад (Ба истиқболи Рӯзи ваҳдати миллӣ)

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад
(Ба истиқболи Рӯзи ваҳдати миллӣ)
Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро арзёбӣ намуда, гуфта буданд: «Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бе муболиға яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири саддаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад. Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша бар суботу оромии кишвар равона гардида буд».
Бе шак, агар хиради миллӣ боло намегирифт ва ба истиқрори сулҳ намерасидем, ҳоло дигар на аз давлат ва на аз кишваре бо номи Тоҷикистон ному нишоне буд. Зеро таҷриба нишон додааст, ки низоъу даргирӣ кори саҳл аст, вале расидан ба истиқрори сулҳ кори оддӣ нахоҳад буд. Чунин вазъро метавон дар ҳамсоякишвари Афғонистон мушоҳида намуд, ки дар дарозои чаҳор даҳа то ҳанӯз оташи ҷангу хунрезӣ дар ин кишвар хомӯш намешавад. Раванди барқарорсозии сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқи азиз имкон фароҳам овард, ки ба зудӣ оташи низоъ хомӯш гардад ва сулҳу ҳамгироӣ дар кишвар ҳукмфармоӣ намояд. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи миллати тоҷик бо мафҳуми расидан ба ваҳдат ва истиқрори Сулҳ гиреҳ мехӯрад. Чун дар он ҷое, ки сулҳ ва суботи иҷтимоӣ набошад, имкони пешрафт амалан вуҷуд дошта наметавонад. Дар он кишвар садои тир, даҳшат, куштор, фоҷеа ва нобудӣ хоҳад буд, ки онро ҳамарӯза тариқа васоити ахбори умуми ҷаҳонӣ дар кишварҳои ҷангзада шоҳид мегардем. Вале расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ низ кори осон ва саҳлу соддае нест, ки бе кушиш ва часпу талошу ҷоннисорӣ ва аз худ гузаштан ба даст ояд.
Раванди мусолаҳаи миллӣ дар Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд шурӯъ гардида, талошҳову ҷасорат ва азхудгузаштанҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат Эмомали Раҳмон то расидан ба созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тақвият ёфт. Ин созишнома расман ба ҷанги ҳамватанӣ ва ҷанги худкушию бародаркушӣ хотима бахшид. Садҳо ҳазор фирориёни тарки хонаву манзил кардаро ба Ватан баргардонид ва дар дили тоҷикистониён шуълаи умедро зинда намуд.
Баракати сулҳу ваҳдати миллӣ имкони воқеии рушдро дар ҳамаи арсаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ фароҳам овард. Дар фосилаи 28 соли ваҳдату оромӣ миллати Тоҷик аз пайи шукуфоӣ зина ба зина дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ пешрафт мекунад. Суботи том дар кишвар барпо шуда, дастовардҳои такондиҳандае рӯзафзун садо медиҳанд. Ватан дар фазои истиқлоли комил дам мезанад. Акнун Душаебие, ки аз он садои тиру ба машом аз бӯи хун меомад ва мардумон дар ваҳшату гурез аз он қарор доштанд ба яке амтарин пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳон, зебошаҳри гулпуши муосир табдил ёфтааст. Имрӯз пойтахти тоҷикон ба ҳайси яке аз марказҳои тасмимгирӣ дар маъракаву ҳамоишҳои фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст, ки он аз баракати сулҳ ва ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад.
Мавриди зикри хос аст, ки дар раванди ташаккул ва инкишофи мусолаҳаи миллӣ ва бавоқеъият табдил ёфтани он мақоми пешбарро сарварони сиёсӣ ва нерӯҳои ҳоким касб менамоянд, маҳз ақлу заковат, донишу маҳорат ва истифодаи самараноки таҷрибаи мамлакатҳои гуногун ба сарвари сиёсӣ ва роҳбари давлат имконият медиҳад, ки масъулиятро ба душ гирифта, қарори ягонаю дурустро қабул намояд. Чунин сифатҳо боиси он гардидаанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ватандори асил аз кишвари соҳибистиқлолаш дифоъ намояд, ба сифати муаллифи таълимоти мусолаҳаи миллӣ онро ба итмом расонид ва бо итмом расидани он Тоҷикистон як давраи мушкилу фоҷеаборро сипарӣ намуд. Дар баробари ба эътидол овардани вазъияти сиёсии мамлакат роҳбарияти олии кишвар кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, масъалаҳои гуногуни инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро мавриди амал қарор доданд. Масъалаи муҳими Истиқлолияти давлатӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тайғироту иловаҳо ба он ба таври райъпурсии умумихалқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати муҳим заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқӣ дар раванди инкишофи таърихии мамлакат гардид. Он имконият ва шароити заруриро барои ташаккули институтҳо ва равандҳое, ки хоси ҷомеаи демократианд, муҳайё намуд.
Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии ҷонии худ ва тамоми ҷомеа дониста, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимил¬лӣ сайъу кӯшиши пайваста нишон додан аст. Мутассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аъзои ҷомеаамон ба қад¬ри зарурӣ мавҷуд набуда, қатъи назар аз он ки ақидаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, вале онҳо бо сӯистифода аз фазои озоди демократии дар мамлакатамон ба вуҷудомада, ба амалҳои зиддиқонунӣ даст мезананд.
Аз ин хотир, баҳри ҳифзи ваҳдати миллӣ, таҳкими давлати миллӣ ва рушди ҳокимияти сиёсӣ чунин падидаҳои номатлубро, ки душмани ваҳдати миллӣ аст, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бояд рафъ намоем. Зарур аст, ки мо ҳамагон бештар аз ҳарвақта тақвият бахшидану густариши фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангии ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯйро, ки қабл аз ҳама бояд баҳри аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб равона гардидаанд, дар маркази фаъолияти ҳамарӯзаамон қарор ди¬ҳем. Фаромӯш насозем, ки тамоми саодату комгории миллат, пешрафту рушд ва шодиву нишоти ҳар фарди кишвар танҳо тавассути ин арзиши олии миллӣ – яъне сулҳ ва ваҳдату ҳамбастагии миллӣ метавонад идомат пайдо намояд. Бахусус дар раванди имрӯзаи бархӯрди манофеъи геополитикии қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ мо аз ҳар вақта бештар ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ниёз дорем. Зеро танҳо иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ метавонад моро дар баробари ҳар гуна хатару таҳдид боз ҳам муқовим гардонада, ба пирӯзиву шукуфоӣ бирасонад.
Рӯзи ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон фархундаву хуҷаста бод!

Исомиддин Шарифзода,
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ