Конфронсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Санаи 23 июни соли 2025 дар толори асосии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки васеи олимону устодон, донишҷӯён, адибони маъруф ва меҳмонони расмӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҳамаи иштирокдоронро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи суботи сиёсӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза кард. Дар суханронии худ ӯ таъкид дошт, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллат аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфта, ба сӯи як давлати воҳиду пешрафта қадам ниҳод. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии таъминкунандаи сулҳу субот ва рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаётии кишвар арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки имрӯз дастовардҳои назарраси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангии кишвар маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳои таърихӣ – ваҳдати миллӣ – ба даст омадааст.

Дар идома, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, ки аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад, дар мавзӯи наҷотбахш ва ҳаётсоз будани ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки “ваҳдат на танҳо роҳи хатми ҷанг буд, балки заминаи як даврони нави фарҳангӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ низ гардид”. Шоир инчунин чанде аз ашъори пурмуҳтаво ва таъсирбахши худро, ки ба васфи ваҳдат бахшида шудаанд, қироат намуд, ки дар руҳу илҳоми иштирокдорон таассуроти амиқ гузошт.

Дар анҷоми қисми аввали конфронс, устодон ва донишҷӯёни фаъоле, ки дар озмунҳои илмӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм- фурӯғи маърифат», озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва дигар озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ишғол намудаанд, бо ифтхорномаҳо ва сипосномаҳои донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисми дуюми ҳамоиш барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар – Файзалӣ Ҳасан, Сарабек Раҳмонов, Шуҳрат Сайнаков ва сарояндагони ансамбли «Зуҳал»-и донишгоҳ баргузор гардид. Барномаи фарҳангӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона, шод ва пурмазмун хотири иштирокдоронро болида намуда, руҳияи ваҳдату якпорчагии миллӣ ва муҳаббат ба Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз тақвият бахшид.