Май 2025

Month

Донишҷӯйдухтарони Донишгоҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ барои ишғоли ҷойи 1 дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейбол миёни донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҳудуди н.Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо диплом сарфароз гардонида шуданд.
Read More
Идораи равобити хориҷӣ ба диққати омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мерасонад, ки Донишгоҳи Кокшетау ба номи Абай Мырзахметоваи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳ ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди интернатсионализатсия озмуни кушоди барномаи мубодилаи академиро барои номзадон ва докторони илм дар соли таҳсили 2025-2026 эълон намудааст. Афзалиятҳои барнома: Давомнокӣ: 1 семестри таълимӣ. Чиптаи ҳавопаймо...
Read More
Идораи равобити хориҷӣ ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мерасонад, ки Донишгоҳи Доня Гориса (UDG)-и давлати Монтонегро (Черногория) барои иштироки донишҷӯён дар Сampus-и тобистона озмун эълон намудааст. Мактаби тобистонаи UDG 2025 – Фарҳанг ва навоварӣ (Culture & Innovation) аз 4.07. то 13.07. 2025 гузаронида мешавад. Маврид ба зикр аст, ки мавзӯъҳо ва лексияҳои инноватсионӣ, мубоҳисаҳо,...
Read More
Иди Зафар муборак! Ҳамасола, 9-уми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ғалаба бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади гиромидошти ин санаи муҳими таърихӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ дар байни насли наврасу ҷавон, рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Табрикоти ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. ба муносибати Рӯзи Ғалаба...
Read More
Дар факултети технология ва дизайн ҷаласаи васеъ ҷиҳати натиҷагирӣ аз дастовардҳо ва комбудию норасоиҳое, ки дар факултет ҷой доранд, баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода З.А., муовини ректор оид ба тарбия ва идеология Шарифзода И.У., декани факултет Ҷалилов Ф.Р., муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва ҳамаи омӯзгорони факултет иштирок доштанд....
Read More
Садорати факултети муҳандисӣ-технологӣ бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори раёсати тарбия ва идеология, раиси ҷавонони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мизи мудаввар мавзӯи “Ҷавонон – ҳомиёни ватан ” гузаронида шуд. Иброз гардид, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Дар таърихи инсоният...
Read More
Санаи 07.05.2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи мактуби расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2025” миёни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории ин озмун тарғибу ташвиқи ҳуввияти миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо ва...
Read More
Бо ташаббуси устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ, бахшида ба 80-солагии Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони “Аҳамияти Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизм дар замони Истиқлолият” баргузор гардиданд. Ин чорабиниҳо дар тамоми факултетҳои Донишгоҳ бо иштироки устодону шогирдон доир шуда, дар онҳо гузоришҳои илмӣ пешниҳод гардида, донишҷӯён бо шеърхонӣ дар васфи ғалабаи беназир...
Read More
Имрӯз бахшида ба 35-солагии Донишгоҳ таҳти унвони «Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти сабз дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисоди миллӣ» бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Сараввал чорабиниро муовини ректори Донишгоҳ Ғафоров Ф.М. оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳозиринро аз номи ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки...
Read More
Раёсат ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати шоиста таҷлил намудани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва “Рӯзи ҷавонон” бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» (28-04 то 23.05.2025) миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2025 эълон намуд, ки...
Read More
1 2 3 4