Ба муносибати 80 солагии Рӯзи Ғалаба

Иди Зафар муборак!
Ҳамасола, 9-уми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ғалаба бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади гиромидошти ин санаи муҳими таърихӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ дар байни насли наврасу ҷавон, рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Табрикоти ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. ба муносибати Рӯзи Ғалаба аз ҷониби муовини аввали ректор оид ба таълим ва сифати таҳсилот ироа карда шуд. Мавсуф таъкид намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое мавҷуданд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо дучанд мегардад.
Рӯзи Ғалаба маҳз яке аз чунин рӯзҳост, ки барои тамоми башарият, аз ҷумла барои мардуми шарифи тоҷик, хеле азиз ва гиромӣ мебошад. Зеро, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорон нафар фарзандони ҷасуру далери тоҷик ширкат варзида, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Беш аз 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар ин ҷанг иштирок намуда, бо ҷасорату мардонагии худ барои ҳифзи Ватан ва оромии халқҳои шӯравӣ мубориза бурдаанд.
Таҷлили Рӯзи Ғалаба барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба давлату миллат ва хештаншиносии ҷавонон аҳамияти бузург дорад. Пос доштани номи қаҳрамонон ва гиромидошти хотираи онҳое, ки барои зиндагии ороми мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ, бо барномаи фарҳангии ансамбли “Зуҳал”-и Донишгоҳ, ки саршор аз сурудҳои ватандӯстона иборат буд, табъи иштирокдорони чорабиниро болида гардонид.