Дар факултети технология ва дизайн ҷаласаи васеъ ҷиҳати натиҷагирӣ аз дастовардҳо ва комбудию норасоиҳое, ки дар факултет ҷой доранд, баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода З.А., муовини ректор оид ба тарбия ва идеология Шарифзода И.У., декани факултет Ҷалилов Ф.Р., муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва ҳамаи омӯзгорони факултет иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа декани факултет суханронӣ намуда, дар бораи дастовардҳои факултет чунин баён намуд, ки тайи соли ҷорӣ кормандону донишҷӯёни факултет ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гаштанд, аз қабили: аз ҳисоби кормандони факултет 4 нафар (Ҷалилов Ф.Р., Асомуддини А., Олимбойзода П. ва Ёдгорова Д.) бо нишони аълочии Маориф ва илми Тоҷикистон, як нафар (д.и.т., и.в. профессор Яминзода З.А.) бо медали беҳтарин зан-ихтироъкор аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилоот, як нафар (Каримов О.С.) дар озмӯни муҳаққиқи ҷавон соҳиби ҷои 1-ум гардида, бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, як нафар бо тасдиқи дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ (Гулмуродзода Ҳ.Г.), 1 нафар бо тасдиқи дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) (Каримов О.С.), як нафар (Соҳибназарзода М.Д.) бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва зиёда 10 нафар кормандон бо сипосномаю ифтихорномаҳои сатҳи Вазоратҳо ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сарфароз гаштанд, ки ин ифтихори ҳар як кормади факултет ба ҳисоб меравад. Инчунин дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатии сатҳи донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ зери роҳбарии мудир ва дигар омӯзгорони кафедраи дизайни либос ва санъати мӯд донишҷӯёни факултет бо намоиши дастовардҳо ва коллексияи мӯд факултетро муаррифӣ намуданд.
Аз ҷониби факултет тибқи дастури ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. ва мувофиқи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳ чорабинии фарҳангию маърифатии “Чакан мероси қадимаи тоҷикон” дар моҳи март гузаронида шуд, ки дар ин чорабинӣ низ саҳми тамоми кормандону донишҷӯёни факултет назарраст ба ҳисоб мерафт.
Дар бозиҳои варзишӣ бошад, факултет дар якчанд бахшҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардид:
– Волейболи духтарона – ҷои 2-юм;
– Шоҳмот – ҷои 2 – юм;
– Тениси рӯи миз – ҷои 3-юм;
– Футболи хурд байни омӯзгорон – ҷои 3-юм.
Дар чорабиниҳои Наврӯзӣ:
– Маликаи Наврӯзӣ – аз рӯи ороиш, либосҳои миллӣ, суханронӣ ва қироати шеър – ҷои 1-ум
– Баҳогузории омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет аз рӯи ба бар намуни либосҳои миллии наврӯзӣ – ҷои 1-ум.
Декани факултет дар давоми сухан қайд намуданд, ки дар баробари дастовардҳо боз камбудиҳо низ ҷой доранд ва баҳри бартараф намудани онҳо мо бояд дар якҷоягӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Баъд аз суханронии декани факултет мудирони кафедраҳо дар бораи самҳои фаъолияти омӯзгорони кафедра ва дастовардҳову камбудиҳо ҳисоботи кӯтоҳ манзур намуданд.
Дар идомаи кори ҷаласа муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода З.А. суханронӣ намуда, дар бораи натиҷаи санҷиши гузаронидашуда аз рӯи нақшаҳои инфиродии омӯзгорони кафедраҳо, инчунин дар бораи камбудию эродҳои ҷойдошта ба аҳли нишаст маълумот ирсол намуд.
Инчунин баъд аз суханронии муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода З.А. муовини ректор оид ба тарбия ва идеология Шарифзода И.У. ба минбар баромада, сараввал ба коллективи факултети технология ва дизайн барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатии сатҳи донишгоҳӣ ва шаҳрию ҷумҳуриявӣ изҳори ташаккур намуда, қайд намуд, ки ин на танҳо ифтихори факултет, балки ифтихори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ мебошад ва дар идомаи сухан оид стратегияҳо дар бораи муқовимат бо коррупсия, муҷовимат ба терроризм ва экстремиз ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак” ёдрас шуда, баҳри иҷрои онҳо ба садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва кураторони гуруҳҳои академӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.