Даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2025”

Санаи 07.05.2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи мактуби расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2025” миёни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ин озмун тарғибу ташвиқи ҳуввияти миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо ва ҳавасманд гардонидани донишҷӯён ба донишомӯзӣ, эҷодкорӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.
Дар озмуни мазкур донишҷӯёни арзандаи факултетҳо иштироки фаъолона намуданд ва маҳорати баланди касбиву зеҳни худро дар сатҳи шоиста нишон доданд. Ин имконият дод, ки ҷавҳари хиради ҷавонон ва мавқеи устувори онҳо дар роҳи хизмат ба Ватан рӯнамо гардад.
Ҳайати ҳакамон, ки аз миёни устодону омӯзгорони соҳибтаҷриба ва баландихтисоси Донишгоҳ интихоб гардида буданд, фаъолияти ҳар як иштироккунандаро бо диққати том арзёбӣ намуда, ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи омодагӣ ва ислоҳи камбудиҳо маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми озмун, ғолиби даври аввал муайян гардида, ба даври ниҳоии озмун, ки дар дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт, роҳхат дода шуд.
Чунин ташаббусҳо барои тақвият бахшидани ҳисси худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ифтихори шаҳрвандӣ ва омода сохтани кадрҳои ватандӯсту содиқ ба арзишҳои давлатӣ мусоидати ҳамаҷониба менамоянд.