Донишгоҳи Доня Гориса (UDG)-и давлати Монтонегро (Черногория) барои иштироки донишҷӯён дар Сampus-и тобистона озмун эълон намудааст.

Идораи равобити хориҷӣ ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мерасонад, ки Донишгоҳи Доня Гориса (UDG)-и давлати Монтонегро (Черногория) барои иштироки донишҷӯён дар Сampus-и тобистона озмун эълон намудааст.
Мактаби тобистонаи UDG 2025 – Фарҳанг ва навоварӣ (Culture & Innovation) аз 4.07. то 13.07. 2025 гузаронида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки мавзӯъҳо ва лексияҳои инноватсионӣ, мубоҳисаҳо, кори дастаҷамъӣ, таҳлили интиқодӣ ва муқоиса, экскурсияҳои тадқиқотӣ, инчунин робита бо донишҷӯёни ҳамсол ва фароғат қисми ҷудонашавандаи рӯзнома мебошанд.
Довталабон метавонанд барои иштирок дар ин мактаби тобистона маълумотнома (CV) ва иншои кӯтоҳ (ESSAY) то санаи 20.05.2025 ба суроғаи электронии summer.school@udg.edu.me пешниҳод намоянд.
Натиҷаи қабули иштирокчиён санаи 01.06.2025 маълум мегардад.
Барои гирифтани маълумоти бештар ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ хоҳишмандон метавонанд ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ тавассути телефони 234-59-27 ва почтаи электронии intertut@90gmail.com муроҷиат намоянд.
Ёдрас менамоем, ки довталабон аз ҳамаи ҳуҷҷатҳои омодагардида бояд як нусхагӣ дар як ҷузвдони алоҳида ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ супоранд.