Имрӯз бахшида ба 35-солагии Донишгоҳ таҳти унвони «Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти сабз дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисоди миллӣ» бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Сараввал чорабиниро муовини ректори Донишгоҳ Ғафоров Ф.М. оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳозиринро аз номи ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ санаи 28 декабри соли 2024 супориш доданд, ки соли 2025 доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули иқтисоди «сабз», рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар робита ба ин мавриди зикр аст, ки ташаккули иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як равандест, ки бо мақсади таъмини рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ роҳандозӣ шудааст. Ин раванд дар асоси Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 қабул гардидааст, амалӣ мешавад.
Мақсади Стратегияи мазкур гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад.
Сипас, бо сухани ифтитоҳӣ сардори шуъбаи муассисаҳои илмӣ-таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шарипова Д. баромад намуда, вобаста ба муҳтавои мавзӯъ ва иҷрои Стратегия мазкур аз ҷониби вазорат суханронӣ намуд.
Баъдан, Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло д.и.и., профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Тадбиқи иқтисоди сабз дар саноатикунонии кишвар мушкилот ва дурнамо”, Досиев Маҳмадшоҳ Назарович д.и.и., дотсент мудири кафедраи идоракунии молияи давлатӣ ва иқтисоди рақамӣ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар шароити ташаккули иқтисоди “сабз”, Усмонова Туҳфа Ҷумаевна д.и.и., профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисод ва иқтисодиёти рушд дар мавзуи “Мафҳуми “афзоиши сифрӣ” дар шароити иқтисоди муосир” ва Сатторзода Абдурасул Абдуғафор н.и.и., дотсент декани факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши иқтисоди даврӣ дар тадбиқи ҳадафҳои рушди устувор (иқтисоди сабз)» баромад намуда, оид ба давраҳои ташаккул ва рушди иқтисоди “сабз”, иҷрои бандҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди асосҳои консептуалӣ ва назарияҳои илмӣ маърӯза намуданд.
Дар хотимаи мизи мудаввар профессорон Амонова Д.С. (Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон), Кошонова М.Р. (Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) ва Раҷабов Р.К. (Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон) ба музокира баромада, вобаста ба муҳимияти мавзӯъ ибрози андеша намуданд.
ДТТ, 06.05.2025