Садорати факултети муҳандисӣ-технологӣ бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори раёсати тарбия ва идеология, раиси ҷавонони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мизи мудаввар мавзӯи “Ҷавонон – ҳомиёни ватан ” гузаронида шуд. Иброз гардид, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузаштани солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад.Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.
Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Садорати ФМТ