Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонон

Раёсат ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати шоиста таҷлил намудани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва “Рӯзи ҷавонон” бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» (28-04 то 23.05.2025) миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2025 эълон намуд, ки ин мусобиқот дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст.
Дар ин чорабинӣ дастаҳои намояндагӣ аз ҳамаи факултетҳо ва воҳидҳои сохтории донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, ҳунар ва маҳорати варзишии худро ба намоиш гузошта истодаанд.
Мусобиқа бо рӯҳияи баланд ва муҳити дӯстона ҷараён гирифта, миёни иштирокчиён рӯҳияи солимии ҷисмонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва худшиносии ҷавононро тақвият бахшид. Бозиҳо то санаи 23 май, ки ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад, идома ёфта, дар он рӯз бозии ҷамъбастии ниҳоӣ байни дастаҳои кормандон ва донишҷӯён баргузор мешавад.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Ин чорабинӣ на танҳо ба рушди тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш миёни ҷавонон мусоидат мекунад, балки робитаи мутақобилаи байни устодон ва донишҷӯёнро низ таҳким мебахшад.