Мубодилаи академи барои номзадон ва докторони илм дар соли таҳсили 2025-2026

Идораи равобити хориҷӣ ба диққати омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мерасонад, ки Донишгоҳи Кокшетау ба номи Абай Мырзахметоваи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳ ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди интернатсионализатсия озмуни кушоди барномаи мубодилаи академиро барои номзадон ва докторони илм дар соли таҳсили 2025-2026 эълон намудааст.
Афзалиятҳои барнома:
Давомнокӣ: 1 семестри таълимӣ.
Чиптаи ҳавопаймо пурра аз ҷониби Донишгоҳи Кокшетау пардохт карда мешавад.
Музди меҳнати моҳона 800 доллари ИМА.
Ҷойи зист – хобгоҳи Донишгоҳи Кокшетау.
Пардохти хизматрасонии коммуналӣ: 15 000 тенге (~33 USD) дар як моҳ.
Омӯзгорон ва кормандоне, ки хоҳиши иштирок доранд, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро омода карда, тариқи суроғаи электронии bolognaprocess11@gmail.com ирсол намоянд:
– Маълумтнома (CV);
– Нусхаи дипломи хатми донишгоҳ ва дипломи номзадӣ ё докторӣ;
– нусхаи шиноснома;
– Сертификатҳо ё ин ки дигар дастовардҳои академӣ дар 3 соли охир.
Барои гирифтани маълумоти бештар ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ хоҳишмандон метавонанд ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ тавассути телефони 234-59-27 ва почтаи электронии intertut90@gmail.com муроҷиат намоянд.
Ёдрас менамоем, ки довталабон аз ҳамаи ҳуҷҷатҳои омодагардида бояд як нусхагӣ дар як ҷузвдони алоҳида ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ супоранд.