МЕРОСИ ШУҶОАТ: ИСТИҚЛОЛ ВА АРҶГУЗОРӢ БА НАСЛҲОИ ҚАҲРАМОН

Бо ташаббуси устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ, бахшида ба 80-солагии Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони “Аҳамияти Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизм дар замони Истиқлолият” баргузор гардиданд.
Ин чорабиниҳо дар тамоми факултетҳои Донишгоҳ бо иштироки устодону шогирдон доир шуда, дар онҳо гузоришҳои илмӣ пешниҳод гардида, донишҷӯён бо шеърхонӣ дар васфи ғалабаи беназир фаъолона иштирок карданд.
Дар чорабинии ҷашние, ки дар факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ баргузор шуд, иштирокчии Ҷанги Афғонистон Раҷабилӣ Шарифов ҳузур дошт ва хотираҳои худро оид ба Ҷанги Афғонистон баён намуд.
Мудири кафедра, Асомуддини А., дар мавзӯи “Сулҳу субот — омили таҳкими Истиқлолият” гузориши илмӣ пешниҳод карда, арзишҳои сулҳу суботро дар ҷомеаи кунунии мо таҳлил намуд.
Ҳамчунин изҳор дошт, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми шарафманди тоҷик бо шиори “Ҳама чиз барои ғалаба ва ҳама чиз барои фронт” умр ба сар бурда, дар ҷанг муқобили душмани ғаддор қаҳрамонӣ нишон медоданд. Ва мавсуф инчунин доир ба як чанд тан Қаҳрамононе, ки дар ин ҷанг сарбаландона ҷангидаанд, ба монанди Неъмат Қаробоев, Саидқул Турдиев, Ҳайдар Қосимов, Ҳоди Кенҷаев ва дигарон ёдоварӣ намуд.