Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ” (OFINU)-и барномаи Erasmus + Иттиҳоди Аврупо аз 8-ум то 13-уми июни соли 2025 сафари омӯзишии ҳайати гурӯҳи кории таҳиягарони маводҳои таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) ба Ҷумҳурии Словакия баргузор гардид. Дар ин сафари омӯзишӣ 3 нафар омӯзгорони факултети муҳандисӣ-технологии донишгоҳ Икромӣ Х.И., Абдуллаева М. ва Назаров Ш.А. шомил буданд.
Дар доираи сафари хизматии мазкур аз ҷониби профессорону омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Словакия дар шаҳри Нитра маърузаҳо, машғулиятҳои лексионию амалӣ ва таҷрибавӣ оид ба мавзӯъҳои модулҳои таҳияшуда, ки дар раванди татбиқи пилотии лоиҳаи “Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ” ба шунавандагон омӯзонида мешаванд, гузаронида шуданд. Ин машғулиятҳо ба раванди технологии коркарди технологияи истеҳсоли маводи хӯрока, идоракунӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ ва интишори академӣ (Academic writing) бахшида шуда буданд.
Мутобиқи барномаи таҳияшуда иштирокчиён машғулияту корҳои озмоишию илмиро дар озмоишгоҳҳои таҳқиқотӣ ва таълимии Маркази “Агробиотех”-и Донишгоҳи аграрии Словакия дар шаҳри Нитра зери роҳбарии профессорон гузаронида, натиҷаҳои бадастомадаро дар гурӯҳҳо баррасӣ намуданд. Дар раванди гузаронидани машғулиятҳо иштирокчиён бо маҷмӯи асбоб ва таҷҳизотҳои муосири дар озмоишгоҳҳо ҷойдошта, аз ҷумла спектрометрияи масса, хроматографияи газу моеъ, таҳлилгари электрофоретикӣ ва ғайра шиносоӣ пайдо карданд.
Иштирокчиён дар машғулиятҳои озмоишӣ оид ба технологияи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ, ки аз ҷониби профессори Донишгоҳ Ева Иванишова бо истифодаи маводу воситаҳои таълимии айёнӣ гузаронида шуд, маҳсулоти нонӣ омода намуда, хосиятҳои органолептикӣ ва физикию кимиёвии ашёи хоми ғалладонагӣ, ордӣ, хамир ва маҳсулоти тайёрро мавриди омӯзишу ташхис қарор доданд.
Машғулиятҳо оид ба модули идоракунии сифат ва бехатарии маҳсулотҳои озуқаворӣ аз ҷониби профессор Симона Кунова баргузор карда шуданд. Дар рафти машғулиятҳо иштирокчиён маълумоти муҳим ва заруриро доир ба бехатарӣ ва гигиенаи озуқаворӣ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ аз худ намуда, дар анҷоми ҳар як маърӯза ба санҷишҳои марҳилавии тестӣ бо истифода аз донишҳои бадастоварда ҷавоб доданд.
Дар озмоишгоҳи микробиологияи Маркази илмӣ-татқиқотии “Агробиотех” таҳлилҳои озмоишӣ гузаронида шуданд, ки ҳадафи онҳо муайян кардани шумора ва навъи микроорганизмҳо дар ду намуди маҳсулоти хӯрокворӣ зардолу ва сабзӣ бо истифода аз усулҳо, таҷҳизотҳои муосир ва донишҳои навтарини илмӣ буд. Раванди баргузории машғулияти озмоишии мазкурро профессор Мирослава Качаниова ва муҳаққиқи Марказ Наталия Чмикова роҳбарӣ намуданд. Инчунин Мирослава Качаниова ва Наталия Чмикова оид ба модули интишори академӣ маърӯза намуда, вобаста ба интихоби дурусти сарчашмаҳои истинод, нақшабандӣ ва тарҳрезии мақолаҳои илмӣ ва тарзи таҳияи муаррифии самараноки таҳқиқотро нишон дода, роҳҳои дарёфти манбаъҳои навтаринро тариқи интернет шарҳ доданд. Дар рафти машғулият иштирокчиён вобаста ба самти тадқиқоти илмиашон интихоби мавзӯъ, ҷустуҷӯи манбаъҳо ва ёддоштбардориро ҷиҳати омода намудани мақолаи илмӣ иҷро намуданд ва натиҷаи корҳои онҳо аз ҷониби муҳаққиқони Донишгоҳ баҳогузорӣ карда шуд.
Дар рӯзи охири семинари омӯзишӣ иштирокчиён аз корхонаи коркарди нахуди сабз ва дигар сабзавотҳо воқеъ дар шаҳри Винитса боздид намуда, дар бораи технологияи коркард, раванду реҷаҳои технологӣ ва таҷҳизоти истифодашаванда маълумоти муфассал гирифтанд.


