МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ХАТМ

Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаҳои хатм ба шунавандагони курси забономӯзии кореягӣ баргузор гардид.
Директори Маркази таълимии кореягии омодасозии касбии назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Сео Джонг Хюн ба сухан баромада вобаста ба раванди забономӯзӣ ва шарту шароити кор ва фаъолият дар Корея ибрози андеша намуд.
Сипас, муовини ректор Ғафоров Ф.М. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ «Сиёсати дарҳои боз»-ро пеш гирифтааст, ки маҳз барои таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ дар хориҷи мамлакат ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчуни иброз гардид, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои илмиву таълимӣ, табодули академӣ ва таҷрибавиро бо донишгоҳу донишкадҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Корея ба роҳ мондааст ва дар солҳои ахир якчанд лоиҳаҳои ҳамкориро бо ин кишвари дӯст амалӣ гардонида истодааст.
Баъдан зимни суханронии худ муовини директори Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зубайдулло роҷеъ ба шарту шароити бокортаъминкунӣ дар хориҷа ба ҳозирин ва дорандагони сертификатҳои хатми забони кореягӣ маълумоти муфассал дод.
Дар фарҷом ба омӯзандагони курси забони кореягӣ, ки тӯли се моҳ идома дошт, аз ҷониби меҳмонон сертификатҳо супорида шуда, ба онҳо дар кору фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Ёддошти тафоҳуми сеҷониба байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори зертобеи вазорат – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Корпоратсияи EFC-и Ҷумҳурии Корея ба имзо расонида шуда буд, санаи 28.02.2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази таълимии кореягии омодасозии касбии назди Донишгоҳ ифтитоҳ гардид.