Дар асоси дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ва вохӯрӣ дар Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ санаи 20.10.2026 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ вохӯрии раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали таҳсил дар факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ ва мулоқот шинос намудани донишҷӯёни соли аввали таҳсил бо низоми таълим, қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти донишҷӯӣ, иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба сифати таълиму тарбия равона шуда буд.
Дар оғози вохӯрӣ декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сатторзода А. роҳбарияти донишгоҳро ба донишҷӯёни соли аввал муаррифӣ намуда, онҳоро ба муносибати ҷиддӣ ба таҳсил, истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи донишгоҳ ва аз худ намудани донишҳои муосир даъват кард. Зикр гардид, ки факултет дар омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ саҳми арзанда дошта, хатмкунандагони он дар сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолият менамоянд.
Сипас, мушовири ректор оид ба иҷрои қонунҳо, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва масоили иҷтимоӣ, номзади илмҳои таърих Сафарзода Ғ.Ғ. дар мавзуи одоби донишҷӯӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ, риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид кард, ки ҳар як донишҷӯ бояд бо рафтори намунавӣ, эҳтироми устодон, риояи интизом ва муносибати масъулона ба таҳсил фарҳанги баланди донишҷӯиро нишон диҳад. Ҳамзамон, зарурати баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, пешгирии терроризм ва экстремизм ва мубориза бо коррупсия ҳамчун вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар таъкид гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои муҳими тарбиявӣ ва иҷтимоӣ як қатор маърӯзаҳо пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, Бобизода Г.Ш. дар мавзуи «Консепсияи миллии тарбия ва нақши он дар тарбияи насли ватандӯсту меҳанпараст», сардори шуъбаи корҳои махсус Достиев Нодиршо дар мавзуи «Терроризм ва экстремизм – омили бесуботии ҷомеа», мудири шуъбаи кор бо занон ва духтарон Азимзода Дилноза дар мавзуи «Арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии духтарон» ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишгоҳ Боқизода Муҳаммадзикриё дар мавзуи «Саҳми ҷавонон дар таҳкими ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва муқовимат ба коррупсия дар доираи татбиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» баромад намуданд.
Баромадкунандагон вобаста ба аҳаммияти тарбияи миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллиро шарҳ дода, зикр карданд, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа мебошад.
Инчунин, нақши ҷавононро дар рушди ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва пешгирии амалҳои коррупсиониро муҳим арзёбӣ карда, омӯзиши пайваста, истифодаи мақсадноки имкониятҳои таълимӣ ва зоҳир намудани ташаббусҳои созанда дар ҳаёти донишгоҳу ҷомеа махсусан қайд кардаанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки донишҷӯён бояд давраи таҳсилро ҳамчун марҳилаи муҳими ташаккули шахсият ва омодагӣ ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ истифода баранд. Аз онҳо даъват карда шуд, ки бо риояи интизом, эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва муносибати софдилона ба таҳсил дар оянда мутахассисони варзида гардида, дар рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.
Чунин вохӯриҳо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба таҳкими робитаи роҳбарият бо донишҷӯён, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ мусоидат менамоянд.

