October 2026

Month

«Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд». Эмомалӣ Раҳмон Конститутсия дар ҳаёти ҳар як давлату миллат ҷойгоҳи махсус дошта, асоси низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ...
Read More
Донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси «Дизайни костюм» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар жанри рассомӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Мақбулшоева Маловат – ҷойи дуюм; Ниёзова Зарафшон – ҷойи сеюм. Ғолибонро самимона табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳои минбаъдаи илмиву эҷодӣ орзумандем!
Read More
Дар санаи 24 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинари илмӣ-омӯзишӣ таҳти унвони «Системаҳои квантӣ-бехатар: ҳисоббарорӣ, амният ва иртибот» баргузор гардид. Дар доираи семинар муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ, дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ Ғаффорзода Фирӯз Муҳриддин оид ба натиҷаҳои иштирок дар барномаи омӯзишии байналмилалии «Quantum-Safe Systems:...
Read More
Боиси ифтихору сарфарозист, ки фазои илмӣ ва инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон боз як дастоварди назаррасро соҳиб гардид. Донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-400301 – «Зеҳни сунъӣ» Маҳмадхонзода Фахриддин дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз», ки ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид, иштирок намуда, дар...
Read More
23 октябри соли 2026 вебинари «Тавсеаи салоҳияти ТИК дар тайёр намудани омӯзгорон: салоҳияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва истифодаи ахлоқӣ ва масъулонаи зеҳни сунъӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар доираи лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълими STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика), таҳсилоти касбию техникӣ ва...
Read More
Аҳли коллективи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз хушхабари дар номинаи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ»-и озмуни ҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат», сазовори мақоми дуюм гардидани устоди донишгоҳ, сардори бахши мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон Назаров Шуҳратҷон Абдуғуломович хело шод гардиданд. Ин дастоварди арзишмандро метавон самараи андешаи созанда ва талошҳои пайгиронаи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода...
Read More
22.10.2026 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии Раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали факултети технология ва дизайн баргузор гардид. Ҳадафи асосии вохӯрӣ шинос намудани донишҷӯёни соли аввали факултет бо низоми таълим, қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, арзишҳои миллӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти донишҷӯӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии онҳо буд. Дар оғози...
Read More
Дар асоси дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ва вохӯрӣ дар Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ санаи 20.10.2026 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ вохӯрии раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали таҳсил дар факултети менеҷмент ва...
Read More
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, ғолиби Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-360701В-и факултети муштараки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотск Аҳмадов Нуруллоро, ки дар вазни 60 кг-и чемпионат ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқраи мусобиқа гардид, ба ҳузур пазируфт....
Read More
17–18 октябри соли 2026 дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, беҳтарин варзишгарони кишварро дар ҳафт вазн (то 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва +100) ба ҳам овард. Яке аз чеҳраҳои дурахшон ва кашфиёти асосии ин мусобиқаи бонуфузи тақвими варзишии...
Read More
1 2 3