22.10.2026 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии Раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали факултети технология ва дизайн баргузор гардид. Ҳадафи асосии вохӯрӣ шинос намудани донишҷӯёни соли аввали факултет бо низоми таълим, қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, арзишҳои миллӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти донишҷӯӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии онҳо буд.
Дар оғози вохӯрӣ декани факултет Ҷалилзода Ф. Р. роҳбарияти донишгоҳро муаррифӣ намуда, онҳоро ба муносибати ҷиддӣ ба таҳсил, истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи донишгоҳ ва аз худ намудани донишҳои муосир даъват кард. Зикр гардид, ки факултети технология ва дизайн дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб саҳми муҳим дошта, донишҷӯён бояд бо омӯзиши пайваста, азхудкунии технологияҳои муосир ва ташаббусҳои созанда барои рушди минбаъдаи касбии худ заминаи устувор гузоранд.
Сипас, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе Файзиддинзода Шамсуддин дар мавзуи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ» суханронӣ намуд. Мавсуф ба таври муфассал оид ба роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст, маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки фаъолияти 29 ҳизбу ҳаракат ва ташкилоти террористию экстремистӣ дар кишвар манъ карда шудааст.
Намояндаи мақомот оқибатҳои хатарноки шомилшавӣ ва ҳамкорӣ бо чунин ташкилотҳоро шарҳ дода, таъкид намуд, ки ҷавонон бояд ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ бодиққат бошанд, ба таблиғоти ифротӣ ва иттилооти бардурӯғ бовар накунанд ва аз паҳн намудани маводи дорои хусусияти ифротӣ худдорӣ намоянд. Ҳамзамон, зарурати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, риояи қонунгузории кишвар ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ ҳамчун омилҳои муҳими пешгирии таъсири ғояҳои ифротӣ ба ҷавонон таъкид гардид.
Сипас, мушовири ректор оид ба иҷрои қонунҳо, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва масоили иҷтимоӣ, номзади илмҳои таърих Сафарзода Ғ.Ғ. дар мавзуи «Тарбияи мутахассисони ватандӯст – ҳадафи муҳими Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, аз дастуру супоришҳои пайвастаи ректори донишгоҳ, доктори илмхои иқтисодӣ Раҳмонзода З. Ф. таъкид намуда, љиҳати тарбияи мутахассисони ватандӯсту худшинос яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба шумор меравад, гуфта гузаштанд.
Мавсуф донишҷӯёнро ба эҳтиромгузорӣ ба устодон, риояи интизоми донишҷӯӣ, азхудкунии донишҳои муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз даъват намуданд. Ҳамзамон, вобаста ба зарурати пешгирӣ аз терроризму экстремизм ва ҳодисаҳои марбут ба коррупсия, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ таъкид карданд.
Дар идомаи вохӯрӣ Бобизода Г. Ш. дар мавзуи «Консепсияи миллии тарбия ва нақши он дар тарбияи насли ватандӯсту меҳанпараст» баромад намуда, аҳаммияти тарбияи миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллиро шарҳ дод. Зикр гардид, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа мебошад.
Инчунин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишгоҳ Боқизода М. Б. дар мавзуи «Саҳми ҷавонон дар таҳкими ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва муқовимат ба коррупсия дар доираи татбиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» маърӯза намуд. Мавсуф нақши ҷавононро дар рушди ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ муҳим арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки татбиқи самараноки «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва касбии насли ҷавон заминаи муҳим фароҳам меорад.
Силсилаи мулоқоту вохӯриҳо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба таҳкими робитаи роҳбарият бо донишҷӯён, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ мусоидат менамоянд.

