2-юми июни соли 2025 дар толори IT PARK DUSHANBE — Маркази технологияҳои пешқадами шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” бо ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси омӯзишии “Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат”-ро баргузор намуд, ки давоми нимсолаи охир 110 нафар ҷавонони фаъол аз макотибҳои олии пойтахт дар он иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва шунавандагони курс ҳузур доштанд. Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ низ дар маросим иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин маросими тантанавӣ ба шунавандагони курси омӯзишӣ шаҳодатномаҳои хатм супорида шуд. Махсусан, аз миёни иштирокчиён чор нафар донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Имомова Суман Бахромовна ФМТ 1к, 1-490100202
Зайниддинов Манучеҳр Раҷабалиевич ФМТ 1к, 1-360901, Музафаров Шаҳром Қутбидинович ФИ ва М 1к, 1-25010805
Шарифзода Шариф ФИ ва М 1к, 1-25010711А1 бо сарбаландӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки ин шаҳодат медиҳад донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки фаъол ва масъулиятшиносӣ барои таҳкими маҳорат ва омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат омодаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки курси мазкур аз соли 2019 ба ин ҷониб дар доираи ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” амалӣ гардида, бо мақсади тарбия ва омода намудани кадрҳои ҷавон, соҳибистеъдод ва содиқ ба Ватан роҳандозӣ шудааст.
Пас аз хатми курс ҷавонон ҳамчун кадрҳои омодашуда ба хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ ҷалб гардида, дар соҳаҳои мухталиф бо сифати баланди мутахассис фаъолият мекунанд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ин ҷавонони боистеъдод ва фаъол ифтихор мекунад ва умедвор аст, ки онҳо дар оянда ҳамчун пайравони самимии Пешвои миллат ва хизмати Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.