ИШТИРОКИ ДТТ ДАР АКСИЯИ ТОЗАКОРӢ

17.10.2026 бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ иҷро намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Волонтёрони экологӣ»-и Донишгохи технологии Точикистон дар шоҳроҳи Душанбе–Бохтар ва кӯчаи «Соҳилӣ»-и ноҳияи Фирдавсӣ Аксияи экологӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид.
Аҳли кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо роҳнамоии ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ фаъолона, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳм гузоштанд. Бо ифтихори бузург аз сокини Душанбешаҳри азиз будан, бори дигар нишон доданд, ки ҳифзи табиат ва ободии пойтахт вазифаи ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва соҳибватан мебошад.

Leave a Reply