Дастоварди донишҷӯи ДТТ дар Ҷоми Президенти мамлакат

17–18 октябри соли 2026 дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, беҳтарин варзишгарони кишварро дар ҳафт вазн (то 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва +100) ба ҳам овард.
Яке аз чеҳраҳои дурахшон ва кашфиёти асосии ин мусобиқаи бонуфузи тақвими варзишии мамлакат донишҷӯи курси дуюми факултети муштараки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) ва Донишгоҳи давлатии Полотск (Беларус) Нурулло Аҳмадов дониста шуд.
Номбурда рақобати фавқулодаю тобнок нишон дода, дар вазни то 60 кило пайдарпай бар рақибони пурқувват ва таҷрибадораш Усмон Зиёев (аз дастаи “Хатлон-1”), Маҳсабур Каримов (“Хатлон-2”), Расул Боқиев (“ВМКБ”), Фирдавс Набиҷонов (“Душанбе-1”) ва Мустафо Нуров (“Душанбе-2”) ғалаба ба даст оварда, то марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар сабқати ҳалкунанда бо паҳлавони номошнои ҷумҳурӣ Меҳрзод Суфиев (“Суғд”) вохӯрда, пас аз муборизаи пуршиддат бо бартарии ҳариф мақоми ифтихории дуюм (медали нуқра)-ро соҳиб ва бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Ин дастоварди арзандаро ба варзишгари умедбахш раёсат, ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ӯ дар таҳсил ва фаъолияти минбаъдаи варзишиаш барор ва комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ба мусобиқаи зикршуда Нурулло Аҳмадов зимни иштирок дар даври шаҳрии мусобиқа, ки 14 октябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии «Яккачинор»-и шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, сазовори мақоми сеюм гардида, роҳхат ба даст овард.

Leave a Reply