Имрӯз, 19 майи соли 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии футбол чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Ҷавонон — инноватсия ва рушди иқтисоди рақамӣ дар замони муосир” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, инчунин ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон ва иштирокдорон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмиву тадқиқотӣ, инноватсиониву ихтироъкорӣ ва варзишии донишҷӯёну устодони Донишгоҳ, ки дар саҳни донишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, боздид намуданд. Намоишгоҳ бозгӯи сатҳи баланди истеъдод, навоварӣ ва неруи зеҳнии ҷавонони кишвар буд.
Дар идомаи чорабинӣ, 29 нафар устодони собиқадор, ки дар тарбияи насли наврас саҳми назаррас доранд, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо гулдаста ва табрикномаҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон қадрдонӣ шуданд.
Сипас ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ суханронӣ намуда, ҳамаи ҷавонон ва меҳмононро бо Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфт. Ӯ дар баромади худ таъкид намуд:
«Ҷавонон неруи созандаи ҷомеа ва сутуни асосии пешрафти илму техника ва рушди иқтисоди миллӣ мебошанд. Мояи ифтихор аст, ки донишҷӯёни мо дар самтҳои илму тадқиқот, навоварӣ ва ихтироъкорӣ бо лоиҳаҳои инноватсионӣ ва корбастии технологияҳои муосир дар миқёси ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст овардаанд. Теъдоди зиёди ҷавонони мо бо медалу ифтихорномаҳо аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сарфароз шудаанд. Дар баробари ин, варзишгарони донишгоҳ дар мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футболи донишҷӯён, гӯштин, шоҳмот ва дигар риштаҳо пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки донишгоҳ майдони худшиносӣ, худсозӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон мебошад. Мо минбаъд низ тамоми имкониятҳоро баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон ва фароҳамсозии шароити мусоиди рушди онҳо ба роҳ хоҳем монд.»
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад низ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҷавононро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ситоиш намуд ва гуфт:
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сиёсати давлатии ҷавононро дастгирӣ намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст. Маҳз тавассути дастгирии Пешвои миллат аст, ки имрӯз ҷавонони мо дар арсаи илм, инноватсия, варзиш ва фарҳанг фаъолона муаррифгари Ватани худ мебошанд.»
Ӯ ҳамчунин барои ташкили чунин як чорабинии сатҳи баланд изҳори сипосу миннатдории худро ба роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баён дошт.
Дар анҷоми қисми расмии чорабинӣ як қатор устодон ва донишҷӯёни фаъол бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва дипломҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон қадрдонӣ гардида, сипас аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода З.А. ба ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. медали “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” тақдим карда шуд.
Ҳамчунин маросими ҷоизасупории мусобиқаи “Футболи хурд”, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонон миёни кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати ба даст овардани “ҶОМИ РЕКТОР” баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом, медал, ҷом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Қисми дуюми ҳамоишро барномаи фарҳангӣ-фароғатии ансабли “Зуҳал”-и донишгоҳ ороиш бахшид, ки бо сурудҳои ватандӯстона, ҷавонписанд ва пурмаъно руҳияи иштирокдоронро болида гардонид. Ин барнома боз як бор дигар нишон дод, ки ҷавонон дар баробари илму техника, дар самти фарҳангу ҳунар низ дорои қобилияти баланд мебошанд.
Чорабинии мазкур гувоҳи он аст, ки ҷавонон — муҳаррики асосии инкишофи ҷомеа мебошанд ва таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат ба рушду тақвияти неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳо мусоидат менамояд.
ДТТ, 19/05/2025

