БАРАНДАИ “ҶОМИ РЕКТОР” ДАР СОЛИ 2025 МУАЙЯН ШУД

Санаи 19 май дар толори асосии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории мусобиқаи “Футболи хурд”, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонон миёни кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати ба даст овардани “ҶОМИ РЕКТОР” баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф., раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода З.А., устодон, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар ин мусобиқаи кушоди варзишӣ 8 дастаи кормандону омӯзгорон ва 8 дастаи донишҷӯён иштирок намуда, байни ҳам сабқат карданд.
Мувофиқи натиҷаҳои бозиҳои баргузоршуда, дастаи маркази бақайдгирӣ ва машварати тестӣ аз ҳисоби кормандон ва дастаи факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ аз ҳисоби донишҷӯён сазовори ҷойҳои аввал ва барандагони “ҶОМИ РЕКТОР” дар соли 2025 гардиданд.
Ҷойи дуюм насиби дастаи шуъбаи таълим ва сифати таҳсилот аз ҳисоби кормандон ва факултети иқтисод ва молия аз ҳисоби донишҷӯён гардид. Ҷойҳои сеюмро дастаи факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ аз ҳисоби кормандон ва дастаи факултети технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҳисоби донишҷӯён ба даст оварданд.
Ғолибон бо “Ҷоми Ректор”, дипломҳои дараҷаи I, II ва III, медалҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.