Санаи 17 майи соли 2025 дар Боғи устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон барномаи фарҳангӣ-фароғатии ансабли “Зуҳал”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ, инчунин кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия викторина баргузор шуда, иштирокчиён донишу малакаи худро дар самти муқовимат бо фасод ва масъулияти шаҳрвандӣ нишон доданд.
Дар маҷмӯъ чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланди маърифативу тафреҳӣ баргузор гардид.