СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ ВА ЗАРАРИ НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ

Дар доираи ҳамкориҳои муштараки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Маркази саломатии №15 санаи 18.04.2025 дар толори китобхонаи Донишгоҳ семинари омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба солимии репродуктивӣ ва зарари никоҳи хешутаборӣ ба як қатор кормандону донишҷӯён аз ҷониби мутахассисони маркази саломатии болозикр гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур мудири шуъбаи хайрхоҳонаи ҷавонони Маркази саломатии № 15 – Холмуродова Саида Раҷабовна, мутахассиси шуъбаи хайрхоҳонаи ҷавонони маркази номбурда табиб-равоншинос – Амири Гулхумор Холмад иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода Исомиддин Умар семинарро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Ҳамзамон зикр намуд, ки саломатии барои ҳар фард неъмати бебаҳои ӯ мебошад, зеро ба воя расонидани насли солим дар пешрафти давлату миллат нақши муҳим дорад. Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ изҳор менамоянд “Барои давлату миллати солим, халқи солим лозим аст”. Аз ин рӯ, ҳар нафар бояд худро аз бемориҳои гунонгун эмин нигоҳ дорад, талабботи беҳдоштиро риоя намуда, тарзи ҳаёти солимро шеваи худ қарор диҳад ва барои солим нигоҳ доштани ояндаи ҷомеаи кишвари азизамон- Тоҷикистон аз никоҳи хешутаборӣ дурӣ ҷӯяд. Ҳаминро ба назар гирифта, ҷиҳати солимии наслҳои оянда дар кишварамон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие ба тавсиб расидаанд, ки ин ин навъи никоҳҳоро ба танзим медароранд.
Инчунин мудири шуъбаи хайрхоҳонаи ҷавонони Маркази саломактии № 15 – Холмуродова Саида Раҷабовна вобаста ба солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ маълумот ироа намуда зикр кард, ки асосан тартиби танзими муносибатҳоро дар бар гирифта, эътироф намудни ҳуқуқҳои зану мард бобати доштани маълумот ва дастрасбудани усулҳои бехатар, босамар, муносиб ва қобили қабули танзими оила ва таваллуди фарзанд, пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва дигар муносибатҳои ба он алоқамандро муайян мекунад. Номбурда моҳияти Солимии репродуктивиро муфассал таҳлил намуда, қайд намуд, ки ин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Дар идома мутахассиси шуъбаи хайрхоҳонаи ҷавонони маркази номбурда табиб-равоншинос – Амирӣ Гулхумор Холмад суханронӣ намуда, тазаккур дод, ки никоҳи хешу табори наздик сабаби дар насл пайдо шудани касалиҳои гуногуни ирсӣ мегардад. Ҳоло зиёда аз 2 ҳазор намуд касалиҳои гуногуни вазнини ирсӣ вуҷуд дошта, аз чунин издивоҷҳо кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодӣ ва кӯдакони аз ҷиҳати равонӣ ва ақлӣ сустинкишофёфта ба дунё меоянд, ки он барои ҷомеа хатари калонеро ба бор меорад. Аз нигоҳи илми равоншиносӣ никоҳи хешутаборӣ окибатҳои манфӣ дорад. Агар одамони генҳои гуногундошта оила барпо намоянд, он гоҳ имконият пайдо мешавад, ки тифл беҳтарин генҳои падар ва модарашро бигирад. Тадқиқоти равоншиносон ошкор намудааст, ки тифле, ки аз намояндагони ду маҳал ё ду миллат ба дунё меояд, беҳтарин хислатҳои падар ва модари худро дорад. Умуман, гуфтан лозим аст, ки дар натиҷаи омехташавии миллату маҳалҳо насли зеботару лаёқатманд ба дунё меояд. На ҳамаи кӯдакони аз никоҳи хешутаборӣ бадунёомада ин гуна имкониятро доранд. Таърих гувоҳ аст, ки барои насли зебо ва лаёқатманд гирифтан шоҳзодаҳои кишварҳо аз ҳамсояҳои хеш хамсарони худро интихоб мекарданд.
Ҳамчунин бояд кайд кунем, ки аз ҷихати генетикӣ ва тиббӣ никоҳи хешони наздик оқибатҳои нохуш ва вазнин дорад. Бо бегона хешу табор шудан дӯстиро қавӣ мегардонад ва дар оянда аз он фарзандони зебову солим ба дунё меоянд, ки боиси хушҳолву зиндагии осудаву саодатманди издивоҷкунандаҳо мегардад.
Дар қисмати поёни семинар аз ҷониби иштирокдорон доир ба мавзуҳъои матраҳгардида пурсишҳо ба миён омад ва табибон ба саволҳои пешкашгардида, посухҳои мушаххасу далелноку қонеъкунанда гардониданд.
ДТТ, 18.04.2025