Бо фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2026 таҳти №86, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба рутбаи ҳарбии навбатии се зина боло – «КАПИТАНИ ЭҲТИЁТӢ» сарфароз гардонида шуд.
Тавре дар фармоиши мазкур омадааст, ин қарор мутобиқи банди 127, зербанди 3, сархати дуюми Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо риояи талаботи моддаи 269, қисми 2-и ҳамин Низомнома қабул гардидааст.
Дар ҳуҷҷати расмӣ ҳамчунин зикр шудааст, ки Раҳмонзода Зоир Файзалӣ аз соли 2003 дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
Сазовор гардидан ба рутбаи ҳарбии навбатӣ барои ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишонаи қадршиносии хизматҳои шоиста ва эҳтиром ба масъулиятшиносӣ дар назди давлату ҷомеа мебошад.
Коллективи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалиро ба муносибати сазовор гардидан ба рутбаи ҳарбии «КАПИТАНИ ЭҲТИЁТӢ» самимона табрик гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи илмию таълимӣ, роҳбарӣ ва корҳои созанда ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиҳои нав орзу менамояд.


