Дастоварди навбатӣ дар озмуни “ИЛМ – ФУРУҒИ МАЪРИФАТ”

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат”, ки ҳамасола бо сарпарастии Пешвои муаззами миллат дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад, дар баробари дигар комёбӣ ва дастовардҳои донишгоҳ, дар аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” шогирди Литсейи инноватсионии Душанбеи назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зиёдалиев Аҳмадҷон низ ғолибият ба даст оварда, сазовори ҷойи дуюм ва мукофотпўлӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ гардид.
Ин дастоварди арзишманд натиҷаи кӯшишу талош, дониши васеъ, истеъдод ва заҳмати пайвастаи устодони донишманду роҳнамо маҳсуб меёбад.
Роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ин дастоварди навбатиро дар соли муҳимми таърихӣ-35 солагии Истиқлоли давлатӣ аз заҳмату талошҳои роҳбарияту устодони донишгоҳ ва МДТ “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва хосса шавқмандӣ, талошҳои хастанопазири шогирди хушзеҳн – Зиёдалиев Аҳмадҷон дониста, бо ин дастоварди беназир ҳамагонро самимона табрик менамояд.
Ба Аҳмадҷони донишманду гиромӣ дар роҳи пуршарафи илму дониш комёбиҳои нав, дастовардҳои беназир ва фатҳи қуллаҳои баланди муваффақиятро орзӯ менамоем.

Leave a Reply