Рӯзҳои 25-26-уми апрели соли 2025 бо ибтикори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба “Ҳафтаи илм” ва “Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таҳти унвони “Нақши ихтирооту навоварӣ дар рушди иқтисоди миллӣ” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Конференсияи мазкур аз 5 бахш иборат буда, дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасиҳои илмии устодону донишмандони соҳа қарор мегиранд:
• Навоварӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
• Ихтироот ва навовариҳои технологӣ дар рушди саноати сабук;
• Нақши муҳандисии барномавӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди иқтисоди миллӣ;
• Шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ;
• Мушкилоти бехатарии иқтисодӣ ва ихтирооту навоварӣ – омили асосии пешбарандаи ҷомеа.
Ба суроғаи тадорукот зиёда аз 80 фишурдаҳои илмӣ ворид гардидаанд, ки ба масъалаи муҳокимаи кори бахшҳо самараи хуб медиҳад. Хоҳишмандоне, ки хоҳиши иштирок кардан дар конференсияро доранд, метавонанд иштирок намоянд.