ОМӮЗИШИ СТАРТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ БО ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ ЛИТСЕЙИ ИННОВАТСИОНИИ “ДУШАНБЕ” -И НАЗДИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 17.04.2025 бо ҳайати омӯзгорон ва кормандони Литсейи инноватсионии “Душанбе”-и назди ДТТ оид ба татбиқи стратегияҳои қабулгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суханронии худ сардори шуъбаи татбиқи стратегияҳо Иброгимов Х.И. дар бораи мазмун ва мундариҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар стратегия, косепсияву барномаҳои давлатӣ ва татбиқи онҳо маълумоти мухтасар дод.
Инчунин номбурда “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”-ро шарҳ дода, дар бораи тамоюли истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон, баҳодиҳии вазъи имрӯза ва имкониятҳои рушди зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, биниш, ҳадаф ва вазифаҳои стратегияро, давраҳои амалисозии стратегия, нақши зеҳни сунъӣ дар ҳушмандсозии минтақаҳо ва аҳолии онҳо, дар маориф ва неруи инсонӣ, дар татбиқи ҳукумати электронӣ маълумоти муфассал дод.
Сармутахассиси шуъба н.и.и., дотсент Ҳасанов А.Р. “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро муфассал шарҳ дода қайд намуд, ки стратегия аз 4 боб иборат буда, мақсади асосӣ ва дарозмӯҳлати он бунёди низоми самараноки маориф аст, ки имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некуаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё месозад.