НАҚШИ ЗАНОН ДАР РАВАНДИ ТАТБИҚИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ

Санаи 17.04.2025 дар асоси нақшаи кории идораи корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ ва бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ, вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Нақши занону модарон дар татбиқи Қонуни мазкур, инчунин доир ба иҷрои Стратегияи миллии «фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ҳифзи рукнҳои миллӣ, тарғиби пӯшидани сару либоси миллӣ ва нагаравидан ба фарҳанги бегона бо занону бонувони раёсати идораи хоҷагидорӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур сардори раёсати идораи корҳои тарбиявӣ ва иделогӣ Бобизода Г.Ш., мудири шӯъбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Баҳронова Х.А., сармутахасиси шуъбаи маниторинг Хоҷаева С.М., раиси шӯрои занони кормандони хоҷагидорӣ Расулова Ш. ва зиёда аз 40 нафар бонувон ширкат варзиданд.
Кори ҷаласаи мазкурро мудири шуъбаи кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ Баҳронова Х.А. кушода эълон намуда, доир ба бандҳои Стратегияи миллии «фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ва иҷроиши он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Номбурда, доир ба фаъолгардонии нақши занону бонувон тазаккур дод, ки занону бонувон ҳамеша зери ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамагон шоҳиди онем сол ба сол мақоми онҳо дар ҷомеа боло рафта, дар сохторҳои гуногуни кишвар сарбаландона фаъолият карда истодаанд. Аз ин рӯ моро зарур аст ба қадри ин ғамхориҳо бирасем ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми худро гузорем. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки бо мақсади боло бурдани худшиносии миллӣ миёни занону бонувони кишвар ҳар кадом аз мо бонувонро зарур аст ташвиқу тарғиби гусдурдаро ба роҳ монем. Ба таблиғу ба бар намудани либосҳои миллӣ аз пӯшидани либосҳои фарҳангӣ бегона худдорӣ намоем. Зеро асолату бунёди як миллатро арзишҳо ва фарҳанги он миллат ташкил медиҳад.
Сипас, сардори идораи корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Бобизода Г.Ш. доир доир ба қонунҳои номбурда ва Стратегияи миллии «фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», из ҳори назар намуда доир ба ҳифзи рукнҳои миллӣ, тарғиби пӯшидани сару либоси миллӣ ва нагаравидан ба фарҳанги бегона миёни бонувон сӯҳбати озод барпо намуд. Номбурда изҳор дошт, ки занону бонувони моро мебояд пайваста фаъолияти хешро дар доираи қонун ба роҳ монда, кушиш намоянд, ки сарфаву сариштакориро пешаи худ гардонанд. Ба қадри ободиву осудагии кишвар бирасанд ва фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намоянд.
ДТТ, 17.04.2025