ИҚТИСОДИ ДАВРӢ ДАР ШАРОИТИ АМАЛИСОЗИИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ УСТУВОР ВА РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ

Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи CirculEc -и Иттиҳоди Аврупо мизи мудаввар бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва магистрону донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро роҳбари гурӯҳи академии лоиҳа н.и.и., дотсент Сатторзода А.А. оғоз намуда, дар мавзӯи “Зарурияти таълимоти иқтисоди даврӣ дар таҳсилоти олии кишварҳои Осиёи Марказӣ” баромад намуд.
Ҳамчунин дар кори мизи мудаввар муовини ректор оид ба илм ва татбиқот д.и.т., дотсент Яминзода З.А., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ д.и.т, дотсент Икромӣ Х.И. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас, гузоришҳои илмии муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ н.и.и., дотсент Ғафоров Ф.М. дар мавзӯи “Технологияҳои пешрафтаи иқтисодиёти даврӣ”, сардори идораи татбиқи стратегия ва технологияҳои инноватсионӣ Ҷафаров А.С. дар мавзӯи “Малакаҳои сабз дар рушди иқтисодиёти даврӣ” ва мудири шуъбаи таълим Мирзоев Ш.Т. дар мавзӯи “Нақши бизнес-моделҳо дар татбиқи иқтисоди даврӣ” шунида шуд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо миёни иштирокчиён вобаста ба самтҳои гуногуни рушди иқтисодиёти даврӣ мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
ДТТ, 17.04.2025