Санаи 15-уми апрели соли 2025 дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон семинари иттилоотӣ дар доираи амалигардонии лоиҳаи ICM-и барномаи Эразмус+ КА171 баргузор гардид, ки дар он профессори Донишгоҳи миллии илм ва технология Politehnica Бухарести Ҷумҳурии Руминия Елизабет Лазароу иштирок намуд.
Дар ифтитоҳи семинар масъулони идораи равобити хориҷии Донишгоҳ меҳмонон ва иштирокчиёни семинарро хайрамақдам намуда, оид ба дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ, талабот ва имкониятҳои фароҳамовардаи донишгоҳ ҷиҳати иштироки онҳо дар барномаҳои мубодилаи донишҷӯён барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар доираи барномаҳои грантӣ, алахусус дар доираи барномаи Erasmus+ International Credit Mobility (ICM) бо Донишгоҳҳои Аврупо ва дигар донишгоҳҳои шарик ибрози ақида карданд.
Сипас маъруза дар мавзӯи “Интернатсионализатсияи таҳсилот” аз ҷониби профессори Донишгоҳи миллии илм ва технология Politehnica Бухарести Ҷумҳурии Руминия Елизабет Лазароу шунида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки профессор Елизабет Лазароу яке аз фаъолони таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои грантӣ буда, бевосита бо иқдоми ӯ зиёда аз 100 лоиҳаҳо дар Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Руминия амалӣ гардидаанд.
Ӯ дар маърузаи хеш оид ба сохтор, факултету ихтисосҳои мавҷуда, шароити таҳсили донишҷӯён, корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон ва китобхонаи илмии донишгоҳ маълумот дод.
Тибқи нақшаи чорабинӣ проф. Елизабет Лазароу зимни муаррифӣ маълумоти мушаххасро роҷеъ ба фаъолият ва имкониятҳои иштирок дар барномаҳои грантӣ ва талаботи иштироки донишҷӯёну докторантон дар лоиҳаҳои мубодилаи академӣ миёни донишгоҳҳо, алалхусус дар самти иқтисодиёти сабз, рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми семинар, мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷӯёну омӯзгорон ба саволҳои додашудаи худ аз ҷониби профессори хориҷӣ ҷавобҳои мушахаси қонеъкунанда гирифтанд.
Инчунин, тибқи барномаи тасдиқшудаи ташрифи профессори хориҷӣ ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо профессор Елизабет Лазароу вохӯрӣ анҷом дода, меҳмонро бо сохтори Донишгоҳ, дастовардҳои илмӣ-таълимӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаю лоиҳаҳои инноватсионӣ ба таври мухтасар шинос намуд. Дар аснои вохӯрӣ ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои тарафайн дар доираи барномаҳои байналмилалии табодули академӣ, истифодаи додаҳои калон ва зеҳни сунъӣ дар равандҳои истеҳсолӣ, ҳамзамон дастовардҳои тарафҳо дар ин самт, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо мубодилаи афкор намуданд.