Санаи 10.04.2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории илмӣ дар фазои Авруосиё: рақамикунонӣ ва модернизатсияи саноат бо истифода аз зеҳни сунъӣ» дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” бо иштироки меҳмонони хориҷию дохилӣ ва мутахассисони соҳаи рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин маърӯзаҳои маҷозӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози форум меҳмонон бо дастовардҳои илмӣ, истеҳсолӣ ва эҷодии устодону донишҷӯёни Донишгоҳ шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳии Форум Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Мажитов Махмуд Абдимумин угли – муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ ва агротехнологияи Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Насимов Бахтиер Васиевич – муовини аввали ректор ва Мирзаев Нодир Баходирович муовини илмии ректори Донишкадаи саноати сабук ва нассоҷии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Панков Павел Сергеевич – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, Одинтсова Олга Ивановна – профессори Донишгоҳи давлатии химиявӣ – технологии Ивановаи Федератсияи Русия, Ирен Калиари – профессори Донишгоҳи Падоваи Итолиё, Азанова Албина Албертовна – профессори Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии Қазони Федератсияи Русия ва ба тариқи маҷозӣ Кулажанов Талгат Куралбекович – ректори Донишгоҳи технологии Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, Голубев Юрий Петрович – ректори Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкини Ҷумҳурии Беларус, Битус Евгений Иванович – профессори Донишгоҳи биотехнологии Русия, Яминзода Заррина Акрам – муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба илм ва татбиқот иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. ҳамаи меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва ҳайати профессорону мутахассисони самти рақамикунонӣ ва зеҳни сунъиро ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҷиҳати иштирокашон дар форум изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Изҳор гардид, ки Форуми мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 28.12.2024 ироа гардида, дар он солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардиданд, роҳандозӣ шуда истодааст.
Қайд карда шуд, ки ҷаҳони имрӯзро бидуни рушди технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ ва рақамикунонӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, бояд донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои илмӣ ҷиҳати табодули донишу таҷриба ва дастовардҳои илмиву инноватсионӣ, равобити илмиро ба роҳ монанд, то тавонананд малакаи ҳамдигаро сайқал бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда бо осонӣ даст ёбанд. Маҳз ташкили Форуми мазкур барои мубодилаи донишу таҷриба, баҳсҳои илмӣ дар фазои АвруОсиё кӯмак менамояд.
Зоир Файзалӣ иброз намуд, ки имрӯз мо дар доираи ҳамоиши мазкур олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва коршиносонро аз Италия, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Латвия ва Тоҷикистон истиқбол менамоем. Фазои фарогирии маърӯзаҳои илмии аз ҷониби иштирокчиёни пешниҳодшуда беш аз 30 вилояту шаҳрҳо, аз ҷумла: Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Тошканд, Бухоро, Намангон, Фарғона, Қазон, Иваново, Пятигорск, Москва, Падова (Италия), Брест, Могилев, Гомел, Алмаато, Остона, Бишкек, Ош ва дигар марказҳои илмиро дар бар мегирад.
Форуми мазкур дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва стратегиро барои донишгоҳҳои иштирокдор дар минтақаи Авруосиё дошта, воситаи муҳими рушди иқтисодиёти рақамӣ, саноат ва технологияҳои инноватсионӣ дар таълимгоҳҳои мухталиф бо истифодаи зеҳни сунъӣ дар баробари муаммоҳо ва имкониятҳои рушди илмӣ-техникӣ буда, баргузории он на танҳо як платформаи мубодилаи дониш ва таҷриба мебошад, балки василаи муҳиме барои тақвияти равобити байналмилалӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Меҳмонони дигар зимни суханрониҳои хеш дар қисмати пленарӣ аҳамияти ин Форумро хеле муҳим арзёбӣ намуда, онро ҳамчун як фазои мусоиде барои ҳали масоили илмию таълимӣ, табодули таҷриба ва густариши самти рақамикунонӣ, модернизатсия ва зеҳни сунъӣ номиданд.
Дар фарҷоми қисмати аввали Форум супоридани сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ байни меҳмонон ва мизбонон сурат гирифт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки кори Форум пас аз нисфирӯзӣ дар се қисмати мавзуӣ: Рақамикунонии саноати нассоҷӣ; Технологияҳои инноватсионӣ дар саноати хӯрокворӣ; Нақши таҳсилоти олӣ дар фазои АвруОсиё: ҳамкориҳои байналмилалӣ ва трансформатсияи рақамӣ дар низоми маориф ва илм идома ёфта, дар он олимон, профессорон ва коршиносони барҷастаи кишварҳои гуногун баромад намуданд. Гузоришҳои онҳо доираи васеи мавзӯъҳои муосир – аз рақамикунонии саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ то равишҳои нав дар таълими байналмилалии муҳандисӣ, барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои сабзро дар бар гирифт.
Форуми имрӯза оғози ҳамкориҳои нав, тавлиди ғояҳои тоза ва пули мустаҳкам байни донишгоҳҳо ва олимони кишварҳои иштирокчӣ хоҳад гардид.
ДТТ, 10.04.2025