Рӯзи 9-уми апрели соли 2025 дар кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни факултети муҳаандисӣ-технологии ва факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ дар ҳошияи вохӯрии Президентҳои 3 кишвар семинари илмӣ дар мавзуи “Таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ- кафолати амнияти минтақа ‘’ баргузор гардид .
Семинари мазкур бо сухани ифтитоҳи мудири кафедра фанҳои гуманитарӣ, номзади илми таърих Асомиддини Абдулмумин оғоз гардида, номбурда зикр намуд, ки дӯстиву ҳамҷавори миёни ин се кишвар таърихи тӯлонӣ дошта, онҳоро ҷашну маросим, дину оин, хешиву табори бавижа дар ноҳияҳои назди сарҳадӣ бо ҳам мепайвандад. Ва ин созишномаи Хуҷанд барои таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисоду фарҳанг заминаи мусоид мегузорад.
Дар семинар гузоришҳои зерин мавриди таваҷӯҳи ҳозирин қарор дода шуд:
Одинаев Н. С.“Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири онҳо дар ҳамбастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Мавсуф қайд намуд, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонии хеш дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускори сулҳ эътироф шудааст ва эъломия Хуҷанд давоми мантиқии “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои насли баъдӣ”, мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар минбари СММ як сол қабл пешниҳод шуда буд.
Амирқулов Н. Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар ҳамбастагиӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ “ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори сулҳ пайваста саъй менамояд, ки дар минтақа мушкилотҳои ҷойдоштаро бо роҳи гуфтушунид ва музокирот баррасӣ намояд. Раванди сулҳофарии Тоҷикистон дар Донишгоҳи мамлакатҳои ҷаҳон ба таври васеъ тадрис мешавад.
Гулаҳмадов Ш. “Арзишҳои миллии тоҷикон дар таҳкими дӯстии байни миллатҳои минтақа .
Яке арзишҳои миллии тоҷикон ин Наврӯзи байналмилалӣ мебошад, ки дар се кишвари ҳамсоя бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ҷашни Наврӯз дар фарҳанги Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон маънои дӯстиву рафоқат, сулҳу субот ва ҳамраъйиро ифода карда, василаест равобити ҳамсоякишварҳоро боз ҳам мустаҳкамтар намояд.
Дар фарҷоми семинар ба маърӯзачиён аз ҷониби иштирокдорон саволҳо доир ба мавзуҳои ироашуда пешниҳод гардид. Ва онҳо ба саволҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.