СЕМИНАРИ ИТТИЛООТӢ ДАР ДОИРАИ МУБОДИЛАИ АКАДЕМИИ ДОНИШҶӮЁНУ ОМӮЗГОРОН

Санаи 8-уми апрели соли 2025 дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон семинари иттилоотӣ дар доираи амалигардонии лоиҳаи ICM-и барномаи Эразмус+ КА171 баргузор гардид, ки дар он профессори Донишгоҳи Падоваи Ҷумҳурии Италия Ирен Каллиари ва докторанти департаменти муҳандисӣ-саноатии ин Донишгоҳ Франческо Каммели иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи семинар масъулони идораи равобити хориҷии Донишгоҳ меҳмонон ва иштирокчиёни семинарро хайрамақдам намуда, оид ба дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ, талабот ва имкониятҳои фароҳамовардаи донишгоҳ ҷиҳати иштироки онҳо дар барномаҳои мубодилаи донишҷӯён барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар доираи барномаҳои грантӣ, алахусус дар доираи барномаи Erasmus+ International Credit Mobility (ICM) бо Донишгоҳи Падоваи Ҷумҳурии Италия ва дигар донишгоҳҳои шарик ибрози ақида карданд.
Сипас маъруза дар мавзӯи “Имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар” аз ҷониби докторант Франческо Каммели шунида шуд. Ӯ оид ба дуруст омода намудани ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар барномаҳо, аз ҷумла тарзи дуруст омода намудани маълумотномаи шахси (СV), мактуби пешниҳодӣ (Cover letter) ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ вабаста ба талаботи лоиҳаҳои грантӣ ба таври мушаххас маълумот дод.
Тибқи нақшаи чорабинӣ проф. Ирен Каллиари зимни муаррифӣ маълумоти мушаххасро роҷеъ ба фаъолият ва имкониятҳои иштирок дар барномаҳои грантӣ бо Донишгоҳи Падоваи Италия ва талаботи иштироки донишҷӯёну докторантон дар лоиҳаи мубодилаи академӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Падова, алалхусус дар самти “Технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ” пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми семинар, миёни баромадкунандагон ва донишҷӯён саволу ҷавобҳо баргузор гардид ва қайд карда шуд, ки дар оянда чунин чорабиниҳо бо иштироки мутахассисони хориҷӣ боз ҳам зиёд гузаронида шаванд.