Дар доираи нақша чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва дохилимуассисавӣ 5- уми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳузури доираи васеи омӯзгорону меҳмонон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Рушди инноватсия ва технологияи рақамӣ- ҳадафи барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳури” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ибтидои рӯз дастовардҳои илмӣ, инноватсионии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Литсейи инноватсионии назди Донишгоҳ дар самти технологияҳои рақамӣ, робототехника ва истифодаи зеҳни сунъӣ, истеҳсолоти парки технологии Донишгоҳи технологӣ Тоҷикистон ва дасовардҳои эҷодиву намоиши муд бо либосҳои миллӣ аз намуди атласу чакан баргузор гардид.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар намоиши мазкур датовардҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва як қатор колеҷҳои касбии ноҳияи Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Баъди анҷоми намоиш дар маҷлисгоҳи Донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Рушди инноватсия ва технологияи рақамӣ- ҳадафи барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо иштироки олимону донишмандон, сиёсатмадорон ва ҳайати васеи устодону унвонҷӯён аз муассисаҳои олии кишвар баргузор гардид.
Конфренсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайра мақдам гуфта, қайд намуд, ки 28 декабри соли 2024 дар доираи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои 2025-2030 -ро солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карданд, ки ин иқдом аҳамияти ҷорӣ намудани технологияҳо ва навовариҳои муосирро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар таъкид менамояд. Дар доираи ин ташаббус рушди инфрасохтори рақамӣ, беҳтар гардидани дастрасӣ ба хизматрасониҳои интернетӣ, дастгирии стартапҳо дар соҳаи технология ва тақвияти барномаҳои таълимӣ дар соҳаи малакаҳои рақамӣ дар назар гирифта шудааст. Мавсуф изҳор дошт, ки панҷсоли мазкурро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карданаи Пешвои миллат амалӣ саривақтист, чунки технологияи инноватсионӣ бо суръати кайҳонӣ рушд карда истодаанду мардуми шарафманди кишварро мебояд ҳамқадами ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ бошанд. Пайваста доир ба навгониҳои техникаву технологияи замонавӣ маълумот пайдо намуда, аз истифодаи он бархурдор гарданд.
Муовини аввали Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ҳаким дар мавзуи “Ҳуҷҷатҳои стратегии мусоидаткунанда барои татбиқи солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иҷтисоди рақамӣ ва инноватсия” маъруза намуда зикр кард, ки Агентии мазкур сохтори навтаъсис буда, дар муддати хеле кӯтоҳ тавонист барои рақамикунонии сохторҳои кишавар заминаи хубе фароҳам оварад.
Директори “Иниститути иқтисодиёт ва демография”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Шариф Раҳимзода дар мавзуи “Иқтисоди миллӣ, технологияҳои рақамӣ ва рақамиканонӣ” суханронӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки ҳамарӯза мо бо рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ кору фаъолият менамоем ва иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ба мо имконият медиҳад, ки дар муомилоти пулӣ дақиқкор бошем ва ҳамеша сарфаи вақт намоем.
Баъдан дар мавзуи “Иқтисоди рақамӣ моҳият ва заминаҳои татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” номзади илмҳои иқтисодӣ Асоев Баҳодур Хайриддинович – декани факултети Иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кулоб, Наҷмиддинзода Абдураҳмон – сардори Идораи стратегияи таҳлил ва ҷамъбасти департаменти рушд ва омори бонкии КВД Бонки Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар мавзуи «Нақши Амонатбонк дар рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», Шоҳиён Нуралӣ Набот – доктори илмҳои педагогӣ, мушовири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуѓзода, дар мавзуи «Зарурият ва аҳамияти татбиқи технологияҳои рақамикунонӣ зимни омодасозии заминаҳои баҳогузории рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз назардиди таҷрибаи ҷаҳонӣ» маърузаҳои илмӣ намуданд.
Дар поёни конфронс ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориӣ ва бовариву эътимод изҳори сипос намуда, иштирокчиёни конфронсро хайрмақдам гуфта, дар мавзуи “Татбиқи технологияҳои нави инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ асоси рушди иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар” маърузаи илмӣ намуд.
Номбурда қайд намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон мо ба таъмини рушди бонизоми технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ зери ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидем.
Ин равандро Президенти кишвар хуб пазируфта барои боз ҳам ривоҷ додан ва таъамин намудани соҳаи Маорифи кишвар, соли 2010 – ро дар Тоҷикистон соли маориф ва фарҳанги техникӣ элон намуда буданд. Ин пешниҳоди хирадмандонаи Сарвари давлат иқдоми дурнаморосози кишвар ба ҳисоб мерафт. Боз ҳам барои инкишофу рушди малакат солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд. Воқеан, бесабаб нест, ки роҳбари давлат ба рушди соҳаҳои маориф ва илм, саноат диққати хоса зоҳир менамоянд. Зеро таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо маҳз бо такя ба маориф, илм ва саноат ва инчунин гузариш ба технологияҳои рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши худро дар арсаи байналмилалӣ устувор гардонида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Пас аз анҷоми конфронси мазкур аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон меҳмонон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.