Имрӯз тибқи нақшаи тасдиқшуда, нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир гардид. Нахуст ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. намояндагони васоити ахбори омма ва ҳозиринро ба нишасти матбуотии Донишгоҳ, ки тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, хайрамақдам гуфта, барору комёбӣ орзу намуд.
Зоир Раҳмонзода дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ихтисосҳое, ки ба замони муосир мутобиқат менамоянд, омӯзонида мешаванд.
Зимнан қайд гардид, ки моҳи апрели соли 2024 Донишгоҳ аз аттестасияи навбатии давлатӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, соҳиби Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолият бо муҳлати бемаҳдуд аз рӯи ихтисосҳои зерин дар зинаҳои: бакалавр – 57 (аз ҷумла 16 ихтисоси нав), магистратура – 36, докторантура – 8 ва 37 курсҳои кутоҳмуддати сертификатсионӣ гардид.
Дар шароити афзудани рақобат байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз омилҳои асосии рақобатпазирии муассиса ба ҳисоб меравад.
Аз ҳайати омӯзгорони доимӣ 109 нафарашонро омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ дошта ташкил медиҳанд, ки он ба 65,3% баробар буда, ин нишондиҳанда байни МТОК ҶТ яке аз нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ихтисосҳои 1-49010102 – Технологияи маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, қаннодӣ ва ғизои бо роҳи махсус хушконидашуда ва 1-49010103 – Технологияи консервакунонӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ бомуваффақият гузашта соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ гардиданд.
Айни замон, 5 ихтисоси Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд.
Кайд карда шуд, ки дар раванди таҳким баҳшидани пояи моддиву техникии ҷараёни таълим дар Донишгоҳ 42 синфхонаи лексионӣ, 24 синфхонаи компютерӣ, 33 озмоишгоҳ, 30 синфхона барои дарсҳои амалӣ, 94 адад тахтаи анъанавӣ ва 90 адад тахтаҳои электронӣ, 4 адад трибунаи электронӣ, 108 адад проектор ва дигар таҷҳизоти мултимедиявию аккустикӣ мавриди истифода қарор дода, айни замон дар ҷараёни таълим зиёда аз 790 адад компютерҳои замонавӣ истифода шуда истодаанд.
Ҳамчунин ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. иброз дошт, ки соли сипаригардида 3 лабораторияи тахассусӣ барои факутетҳои технология ва дизайн, телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ ва Маркази омӯзишӣ сертификатсионӣ ва рушди иноватсия аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ба миқдори 50 адад компютерҳои наву замонавӣ ва як қатор таҷҳизотҳои телекоммуникатсиониву техникӣ харидорӣ ва насб карда шуд, ки ин барои гузаронидани фанҳои тахассусӣ бо истифода аз барномаҳои типи нав ва сатҳи баланд мусоидат мекунад.
Раёсати Донишгоҳ аз оғози соли таҳсили 2024-2025 технопарки “Фановар” -ро ба пуррагӣ аз таъмири капиталӣ бароварда, баъзе асбобу таҷҳизоти озмоиширо, ки фарсуда ва корношоям буданд, аз нав ба кор даровард. Ҳоло донишҷӯёни ихтисосҳои факултаи муҳандисӣ-технологӣ дарсҳои озмоиширо дар он мегузаронанд.
Дар парки технологӣ айни замон истеҳсоли ҳасиб ва макарон ба роҳ монда шудааст.
Зоир Файзалӣ қайд кард, ки соли 2024 натиҷаи 4 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот ва 5 корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар раванди таълим тадбиқи амалии худро пайдо карданд.
Ректори Донишгоҳ иброз намуд, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифати аҳолии кивар, бахусус ҷавонон як қатор озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар ин озмунҳо ҳайати омӯзгорону профессорон, донишҷуён ва хонандагони литсейи назди Донишгоҳ фаъолона ширкат меварзанд.
Дар ин росто соли сипаригардида барои Донишгоҳ соли муваффақияту дастовардҳо буд. Бахусус, хонандагони Литсейи инноватсионии “Душанбе” назди Донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ширкат варзида, 2-нафар ҷойи 1-ум ва 3 нафар ҷойи 3-юмро сазовор гардидаанд, инчунин, як нафар олими Донишгоҳ дар соли 2024 барои дастовардҳо дар самти фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ ба ҷоизаи давлатии ҶТ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонида шудааст. Инчунин докторанти Ph.D -и Донишгоҳ дар озмуни ҷумҳурияви “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” ширкат варзида, сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки раёсати Донишгоҳ дар раванди тадбиқи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давоми соли 2024 бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар самтҳои гуногуни тарбияи миллию ғоявӣ, хештаншиносву худогоҳии миллӣ, ватанпараству маърифатӣ дар робитаи зич бо мақомотҳо, сохторҳо, вазоратҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ фаъолият намудааст.
Ҷамъ дар соли таҳсили ҳисоботӣ аз ҷониби масъулони корҳои тарбиявӣ идеологии Донишгоҳ зиёда аз 794 чорабиниҳо, вохӯриҳо, хонишҳои сиёсӣ, мизи мудаввар, форум, озмун, маҳфил, аксияҳо ва семинарҳо баргузор карда шуд.
Ректори Донишгоҳ қайд намуд, ки раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат ва бархурдор аз техникаю технологияи муосир, дар ҳамдастӣ бо ширкату корхонаҳои ватанӣ корҳоро амалӣ намудаистодааст.
Ҳоло, дар 10 корхона ба 229 донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4 аз рӯи 18 ихтисос дарсҳои амалӣ баргузор гардидаистодаанд, ки заминаи муҳимро барои гузариш ба низоми таҳсилоти дуалӣ фароҳам месозад.
Ба ҷойи кор тақсим намудан ва мониторинги хатмкунандагон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Дар соли 2024 аз 531 нафар хатмкардагони шуъбаи рӯзона 438 нафарашон бо ҷои кор таъмин гардид, ки дар умум 82,4% -ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 10% зиёд мебошад.
Илова бар ин, айни ҳол зиёда аз 220 нафар донишҷӯён (курсҳои 1-4) дар баробари донишомӯзӣ дар корхонаҳо тариқи 0,5 басти корӣ ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон тибқи ҳамкориҳои тарафайн миёни Донишгоҳ ва корхонаҳои нассоҷии “Нассоҷии Тоҷик”, “Арвис”, “Пиллаи Тоҷик” ва “Гарди 2015” ҷиҳати ба ҷои кор таъмин гардидани донишҷӯён, корҳо роҳандозӣ гардидаистодаанд.
Дар самти равобити байналмилалӣ Зоир Файзалӣ қайд намуд, ки таҳти ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷумҳурии мо сиёсати дарҳои кушодаро пеша намуда, муносибатҳои байналмилалии худро бо аксарияти давлатҳои ҷаҳон дар сатҳи хеле хуб ба роҳ мондааст.
Дар ҳамин радиф, Донишгоҳ пайгирона ба ин сиёсат дар самти ба роҳ мондани робитаҳои хориҷии худ дар соли 2024 бо 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта қариб 2 маротиба зиёд мебошад.
Зимнан иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ хобгоҳи Донишгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизот ва лавозимотӣ рӯзғори наву замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида шуд.
ДТТ, 31.01.2025