4 июни соли 2026 дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо ҳайати намояндагони мақомоти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Сафорати ИМА дар шаҳри Остона ва коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об баргузор гардид. Ҳадафи вохӯрӣ баррасии масъалаҳои вобаста ба расонидани кӯмаки фаннӣ ва табодули таҷриба дар самти идоракунии самараноки захираҳои обии кишвар буд.
Дар вохӯрӣ директори минтақавии ҳавзаи болоии дарёи Колорадо ҷаноби Уайн Пуллан, геоморфологи флювиалӣ хонум Мелисса Фостер, ҳамоҳангсози таҳқиқот дар самти энергетика ва инфрасохтори обӣ хонум Эрин Форакер ва намояндаи минтақавии масъалаҳои муҳити зист, илм, технология ва тандурустии Сафорати ИМА дар ш. Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Мишел Кимпел Гузман иштирок намуданд.
Меҳмононро ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода З.Ф. истиқбол намуда, оид ба имкониятҳои таълимӣ ва илмӣ, самтҳои афзалиятноки рушд ва фаъолияти байналмилалии Донишгоҳ маълумот пешниҳод кард. Зикр гардид, ки Донишгоҳ имрӯз яке аз муассисаҳои пешбари таҳсилоти олии касбии кишвар буда, дар омода намудани мутахассисон барои бахшҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ, робототехника, иқтисод ва идоракунии муосир нақши муҳим дорад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба истифодаи самаранок ва идоракунии устувори захираҳои обӣ, татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, моделсозӣ ва автоматизатсияи равандҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуда, инчунин имкониятҳои ҳамкории минбаъдаро дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, таҳлили маълумот, моделсозӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об баланд арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор мусоидати назаррас намудаанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ истифодаи воситаҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, робототехника, системаҳои интеллектуалии мониторинг ва таҳлили додаҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои обӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо намуда истодааст. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи ташкилотҳои давлатии ИМА дар истифодаи зеҳни сунъӣ, моделсозии рақамӣ, таҳлили маълумот ва дигар технологияҳои пешрафта, инчунин имкониятҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои дахлдори давлатӣ ва байналмилалӣ барои рушди иқтидор ва татбиқи таҷрибаҳои муосир дар ин соҳа дорои аҳамияти муҳим арзёбӣ гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама, омӯзиши имкониятҳои ҳамкорӣ ва роҳандозии ташаббусҳои муштарак дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз намуданд.

