Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи моҳвораи ҷавонон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими қадршиносии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои донишгоҳӣ баргузор гардид.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба рушди неруи зеҳнӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, ихтироъкорӣ ва инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин озмунҳои донишгоҳии «Ихтироъкори ҷавон – 2026», «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ – 2026» ва «Донишҷӯйи сол – 2026» аз сатҳи баланди дониш, ҷаҳонбинии муосир, малакаи эҷодӣ ва неруи илмии ҷавонони донишгоҳ шаҳодат медиҳад.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ зимни суханронии худ бо ифтихор аз дастовардҳои донишҷӯён ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҷавонони донишгоҳ бо донишу истеъдод, ташаббусҳои созанда ва фаъолияти пурсамари худ пайваста нуфузу мақоми муассисаро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Зикр гардид, ки дастовардҳои донишҷӯён дар самти илм, ихтироъкорӣ, инноватсия, фарҳанг ва ҳунар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти донишгоҳ ба рушди қобилияти эҷодӣ ва илмии ҷавонон мебошад. Чунин чорабиниҳо барои ҳавасмандгардонии донишҷӯён, ташаккули тафаккури навоварона, баланд бардоштани фарҳанги илмӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири оянда заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар озмуни донишгоҳии «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ – 2026» 33 нафар иштирокчӣ бо дипломҳои дараҷаҳои I, II ва III, сипосномаҳо ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, дар озмуни «Ихтироъкори ҷавон – 2026» 11 нафар донишҷӯй барои пешниҳоди ғояҳо, ихтироот ва лоиҳаҳои эҷодию инноватсионӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, 2 нафар донишҷӯйи фаъолу пешсафи донишгоҳ дар озмуни «Донишҷӯйи сол – 2026»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сазовори унвони беҳтарин гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ қадр карда шуданд.
Илова бар ин, 33 нафар иштирокчиёни фаъол ва ғолибони олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо сипосномаҳо қадр карда шуданд. Қобили зикр аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 22 нафар донишҷӯёни донишгоҳ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 нафар донишҷӯй ҷойҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд. Ҳамчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 1 нафар донишҷӯй сазовори ҷойи дуюм гардид.
Дар идома иштирокчиёни беҳтарин бо дипломҳо, ифтихорномаҳо, сипосномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Таъкид гардид, ки чунин қадршиносӣ на танҳо нишонаи дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, балки омили муҳими ҳавасмандгардонии онҳо ба омӯзиши амиқи илм, татбиқи идеяҳои нав ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеаи донишбунёд мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои устодон, кормандон ва ҷавонони боистеъдод барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ансамбли «Зуҳал»-и Донишгоҳ пешкаш гардид.

